ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ДУХТАРИ ҲАФТСОЛА ДАР ФАРХОР ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 24 августи соли 2022 хабар дод, ки  рӯзи 23-уми августи соли равон як духтари 7-сола дар деҳаи Тоҷикистони ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархор дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ин духтарча аз беназоратии волидон дар канали шохаи чапи ЛР-22 ғарқ шудааст. Худи ҳамон рӯз ҷасади ӯро 700 метр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурдаанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел борҳо аз волидон хостааст, ки қоидаҳои бехатариро дар лаби обу даруни об қотеона риоя кунанд ва кӯдакони худро ягон лаҳза бе назорат нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button