ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ХАЛТА-ХАЛТА ПУЛ: БОЗДОШТИ СЕ СОКИНИ КОСОНСОЙ ҲАНГОМИ ҚОЧОҚИ $2 МЛН АЗ ӮЗБЕКИСТОН (ВИДЕО)

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Намангон дар натиҷаи “як чорабинии фаврии чанддавраӣ” се сокини ноҳияи Косонсойро ҳангоми ба таври қочоқӣ ба Қирғизистон интиқол додани беш аз 2 миллион доллар пули нақд дастгир кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 24 августи соли 2022 бо нашри як видео Телеграм-канали Xavfsizlik_uz, ки фаъолиятҳои Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистонро инъикос мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилоияи нашршуда, кормандони амният дар аввал як мошини тамғаи “Ласетти” –ро, ки дар он ду бародар – сокинони ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон, солҳои таваллудашон 1985 ва 1992 ба тарафи марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон ҳаракат доштанд, манъ кардаанд. Ҳангоми кофтукоб аз дохили мошин аз даруни як халтачаи полиэтиленӣ аввал 205 ҳазору 600 доллари Амрико ва сипас дар ду халтаи синтетикӣ 836 ҳазору 300 доллар ва 800  ҳазор доллари дигар ёфта, гирифтаанд. Дар умум аз ин ду бародар мақомоти амниятӣ 1 миллиону 841 ҳазору 900 доллари Амрико  мусодира кардаанд.

Дар идомаи корҳои фаврӣ кормандони мақомот боз як соҳибкор аз ноҳияи Косонсой, соли таваллудаш 1989-ро дастгир карда, аз мошини ӯ, тамғааш “Малибу” дар натиҷаи кофтукоб 167 шаҳору 100 доллар пайдо кардаанд.

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон  гуфт, маблағи умумии дар ҷараёни ин амалиёт ёфт ва мусодирашуда 2 миллиону 9 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар робита ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудаанд ва тафтишот идома дорад.

Ин ягона ҳолати кӯшиши қочоқи маблағҳои бузурги асъори хориҷӣ  аз Ӯзбекистон нест. Моҳи июл сокинони вилояти Фарғона ҳангоми ба Қирғизистон бурдани 300 ҳазор доллар пули нақд ба даст афтоданд. Моҳи феврал кормандони амният дар вилояти Андиҷон аз кӯшиши қочоқи 1 миллиону 640 ҳазор доллари нақд ба Қирғизистон пешгирӣ карда буданд.

Ҳаимн тавр, Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон рӯзи 14 июн хабар дода буд, ки кормандонаш дар вилояти Тошканд ду занеро дастгир карданд, ки мехостанд бо роҳи қочоқ аз тариқи гузаргоҳи осонгузари “Казарма” дар марзи Бекобод бо вилояти Суғд маблағи бузурги асъори хориҷиро ба Тоҷикистон баранд.

Дар гузориш гуфта мешуд: “Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз зани 42-солаи сокини шаҳри Бекобод 1666 ҳазор доллари Амрико ва аз шарики 28-солаи ӯ 190 ҳазор доллар ёфта шуд. Дар умум ҳамчун далели шайъӣ аз ин ду нафар 356 ҳазор доллар пули нақд гирифта шудааст. Маълум шуд, ки онҳо бо хоҳиши як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд аз нафарони ношинос дар шаҳри Бекобод ин маблағи бузурги асъори хориҷиро гирифта, дар даруни либос пинҳон кардаанд ва дар ивази ҳаққи муайян кӯшиш карданд, ки ин ҳама пулро ба Тоҷикистон баранд.”

Ҳамчунин моҳи июл хабар омад, ки дар посгоҳи “Фарҳод” дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон сокини шаҳри Бекободи вилояти Тошканд Ш.М., соли таваллудаш 1979-ро дастгир кардаанд.

Ин зан 20 ҳазор доллари нақдро дар пойафзолаш пинҳон карда, мехост ба таври қочоқӣ ин маблағи бузурги асъори амрикоиро ба Тоҷикистон гузаронад.

Дар ҷараёни тафтиши аввалия маълум шудааст, ки ин зан қаблан ҳам барои қочоқи ғайриқонунии асъори нақд ба Тоҷикистон дастгир шуда буд. Дафъаи қаблӣ ӯ дар даруни либоси танаш 70 ҳазор долларро пинҳон карда буд. Бино ба фарзияи мақомоти Ӯзбекистон, ин пулҳо  дар асл ба як сокини Тоҷикистон тааллуқ доранд ва ин зан дар ивази ҳаққи муайян танҳо вазифаи қосид, яъне курерро иҷро мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button