ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

“АЗ ХУДО ТАРСЕД…” ФЕРМЕРИ ҲАҚИҚАТҶӮ АЗ БАДАХШОН СОРБОН ЮНОЕВ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Рӯзи 23 августи соли 2022 додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мурофиае, ки дар шаҳри Хоруғ доир шуд,  фаъоли ҷамъиятӣ ва фермери машҳур аз ноҳияи Роштқалъа Сорбон Юноевро бо ҷурми ифротгароӣ ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Телеграм-канали Pamirdailynews, ки масоили марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Мақомот то кунун на боздошт ва инак, на ҳукми Сорбон Юноевро расман ягон шарҳ надодаанд, вале Pamirdailynews  бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Сорбон Юноеви 62-сола дар додгоҳ иттиҳоми ифротгароиро ба гардан нагирифтааст ва дар сухани охиринаш чунин гуфтааст: “Ман ба ҳарф ва амали худ меистам. Агар шумо қонунро эҳтиром намекунед, ақалан аз Худо битарсед”.

Бино ба иттилои дарёфтии ин Телеграм-канал, додгоҳ Сорбон Юноевро дар ду ҳолат гунаҳкор шинохтааст:

  1. Рӯзи 30 майи соли 2020 ӯ яке аз ташкилкунандагони мусобиқаи гуштин дар Хоруғ бахшида ба тантанаҳои ҳарсолаи Рӯзи Нур (солгарди боздиди нахустини пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Оғохони чорум аз Бадахшон дар таърихи 25 майи соли 1995) будааст. Онҳо аз мақомоти маҳаллӣ барои баргузории он мусобиқа иҷозат гирифта буданд, вале дар додгоҳ инро ҳамчун зуҳуроти ифротгароӣ таъбир кардаанд, хабар медиҳад Pamirdailynews.
  2. Юноев сохтмони флагшток, ё милаи парчами миллии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъаро ба боди танқид кашида, гуфтааст: “Хубтар мешул, агар ин пулҳоро барои таъмиру тармими мактабҳо сарф мекарданд”.

Тафтиши ин маълумот тавассути манобеи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст, зеро дарёфти маълумот аз мақомоти расмӣ дар Бадахшон хеле сахт аст. Вале Pamirdailynews  хабар медиҳад, ки баъди судури ҳукмаш, қарор аст, ба зудӣ Сорбон Юноевро ба Душанбе интиқол диҳанд. Қарори маълум, дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон маҳбас вуҷуд надорад ва маҳкумшудагонро аз инҷо барои адои ҳукм ба Душанбе мефиристанд ва аз онҷо ба зиндонҳои воқеъ дар қисматҳои мухталифи Тоҷикистон тақсим мекунанд.

Сорбон Юноев 62 сол дошта, як хоҷагии фермериро дар деҳаи Бартавдеми ноҳияи Роштқалъа идора мекунад ва ҳамчунин хатти тавлиди шарбатҳои табииро бо номи “Шарбати Помир” таъсис дода буд. Сорбон Юноев ҳамчунин бо мавқеи фаъоли шаҳрвандиаш шуҳрат дошт ва доимо дар мавзӯъҳои доғи Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар ҷаласаҳо дар рӯбарӯи мансабдорон  суханронӣ мекард.

Аз ҷумла моҳи октябри соли 2018 ӯ дар Фейсбук навишт, ки мехост дар робита ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ дар маҳаллаҳои атрофи Хоруғ ба ҳукумати вилоят муроҷиат кунад, вале ба сабаби … галстук надоштанаш ӯро ба дохили бинои ҳукумат роҳ надодаанд. Ба Хоруғ рафтам ва коре дар ҳукумати вилоят доштам. Хостам ворид шавам, аммо маро нагузоштанд. Гуфтанд галстук надорӣ, мумкин нест, ин супориши муовини раиси вилоят мебошад”,   навишта буд ӯ.

Дар маъмурияти вилоят он вақт эътироф карданд, ки пӯшидани галстук дар бинои маъмурият ҳатмӣ шудааст, вале ин ба кормандони он ва мансабдороне, ки бо ягон зарурат ба инҷо меоянд, дахл дорад, на ба сокинони оддие, ки бо ягон арз ба мақомоти вилоятӣ муроҷиат карданианд.

Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2020 ба Сорбон Юноев иҷозат надоданд, ки дар назди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ аз Роштқалъа боздид мекард, суханронӣ кунад. Мақомот баҳона пеш оварданд, ки ӯ барои суханронӣ дер ариза додааст. Вале Юноев гуфт, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ шарт гузоштаанд, ки матни суханрониашро аз қабл бо онҳо ҳамоҳанг кунад, вале ӯ инро қабул накардааст.

Сорбон Юноев гуфт, мехост ба президент интихоботи мустақими раисони ҷамоатҳоро пешниҳод кунад. Раисони ҷамоатҳоро дар ҳоли ҳозир мақомоти болоӣ бо салоҳдиди худ таъйин мекунанд ва аксари ин курсиҳо харидуфурӯш мешаванд.

Ҳамчунин ният доштам дар бораи таъмири роҳҳои валангоршудаи Роштқалъа ва мушкили муоинаи техникии мошинҳо суҳбат кунам. Мехостам, лентаи иншооти навро на дар рӯзе, ки ба истифода медиҳанд, балки баъд аз се сол бибуранд. Аввал бинанд, ки дар чӣ ҳол аст. Агар кораш муваффақ аст, баъдан лентабурӣ кунанд. Ҳоло баъзе корхонаҳо баъд аз се соли лентабурӣ валангор мешаванд”, – гуфта буд Юноев.

мақомоти Тоҷикистон дар пайи саркӯби эътирозҳои моҳи май, ки ба ҳисоби Созмони Милал, ҳудуди 40 тан аз эътирозгарон кушта шуданд,  беш аз 200 нафар аз сокинону зодагони Бадахшон, аз ҷумла дастикам 90 тан аз фаъолонро дастгир кардаанд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Ҳюман Райтс Вотч (Human Rights Watch, HRW) рӯзи 23 августи соли 2022 дар як изҳорот гуфт, додгоҳҳои Тоҷикистон  ба конвейере табдил ёфтаанд, ки афроди рабтдошта ба эътирозҳои Бадахшонро бидуни муҳокимаҳои одилонаи парвандаҳояшон маҳкумӣ бе пушт-пушт ба солҳои тӯлонии зиндон мекунанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button