ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

АЗ 60-СОЛА БОЛО: ДАР ТОҶИКИСТОН ДАВРАИ ЧОРУМИ ВАКСИНАТСИЯ АЗ КОРОНАВИРУС САР ШУД

Бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар чанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон аз 16 августи соли 2022 даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид. Бино ба ҳисоби вазорати тандурустии Тоҷикистон, аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандони соҳаи тиб ба ваксинаи чорум бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Сардори раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров  ба хабаргузории “Ховар” хабар дод, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия  баъди кормандони соҳаи тиб шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.

«Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.  Тибқи нақша,  баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома меёбад», — гуфтааст Ҷаъфаров.

Бино ба омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоизи сокинони аз синни 18 боло) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта шудаанд.

То имрӯз ба Тоҷикистон бо мақсади бо ваксинатсия бар зидди ин беморӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат аз хориҷ 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 (ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Pfizer ва Спутник V) ворид гардидааст. Ҳамаи ин ваксинаҳо тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башардӯстона, яъне ба сурати ройгон ба Тоҷикистон дода шудаанд. Тақрибан нисфи ин ваксинаҳои ду кишвар: Хитой ва Амрико ба Тоҷикистон туҳфа кардаанд. Хитой як моҳ пеш бо тақдими беш аз 2 миллион вояи дигар теъдоди вояҳои ваксинаҳои ба Тоҷикистон додаашро ба 5 миллион расонд.

Сафорати Амрико ахиран хабар дод, ки рӯзи 20 август Агентии рушди байналмилалии Амрико (USAID) ба Тоҷикистон боз 122 ҳазору 850 вояи ваксинаи зидди коронавирус ворид кард  ва ба ин тартиб, кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар арсаи мубориза бо ин беморӣ ба 3,5 миллион воя ваксина расид.

Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус аз 3 июли соли 2021, гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло дар Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.  Шумораи он сокинони Тоҷикистон, ки бояд ҳатман аз коронавирус ваксина бигиранд, наздики 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022 ба ин тараф, яъне инак беш аз ду моҳ боз ягон мавриди нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ сабт накардааст. Аз аввали пандемия, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 17 ҳазору 388 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардида, аз ин шумор 17 ҳазору 264 нафар шифо ёфтанд, вале 124 нафар, мутаассифона, қурбони ин бемории қаттол шуданд. Мунтақидон шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирусро дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустӣ мешуморанд.

COVID-19. Дар Тоҷикистон шахсони аз 60-сола боло бо ваксинаи чорум фаро гирифта мешаванд

Август 24, 2022

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид. Дар ин марҳила аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.

«Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.  Тибқи нақша,  баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома меёбад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 август 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.

То имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, агар зимни ваксинагузаронӣ одамон ба бемории сироятӣ ё зуком гирифтор ва ё дорои нишонаҳои ин маризиҳо бошанд, ваксинагузаронии ин гуна шахсон то давраи барқарор гардидани саломатиашон ба вақти дигар гузошта мешавад.

Табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «ваксинаи чорум танҳо ба нафарони аз 50 ё 60-сола боло тавсия дода мешавад».

Ораш Алоӣ иброз намуд, ки «ҳар шахс бояд бо се вояи ваксина фаро гирифт шавад. Ваксинаҳо то 90 фоиз шахсро аз гирифторӣ ба ин вирус, пешгирии фавт ва шадид нагузаштани ҷараёни беморӣ нигоҳ  медоранд. Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам аст. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас набояд аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар айни замон худашон бемор бошанд. Ҳатто нафаре, ки дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, ки ҳамеша аз ман мепурсанд, ин аст: касоне, ки гирифтори бемориҳои дил, диабет, раг ва ё гурдаанд, метавонанд ваксина зананд? Бале, онҳо бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд аз намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд».

Аз Ораш Алоӣ вобаста ба зарурати фаро гирифтани дигар қишрҳои ҷомеа ба ваксинаи чорум пурсон шудем, ки чунин посух дод: «Ин вирус аз пайдоиш то имрӯз  бо навъҳои нав паҳн гардида истодааст. Олимон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ваксинае ихтироъ намоянд, ки ба ҳамаи намуди ин вирус муқобилият карда тавонад. Ба дигар қишрҳои ҷомеа гузаронидани ваксинаи чорумро вақт нишон медиҳад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button