ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

25-СОЛӢ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 3 ТАН АЗ ЁРОНИ НАЗДИКИ БОҚИР, АЗ ҶУМЛА ҶИЯНАШ ҶАМШЕД (ВИДЕО)

Манобеи гуногун аз Хоруғ рӯзи 24 августи соли 2022 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  рӯзи 23 август мурофиаи парвандаи як гуруҳи сокинони маҳаллаи Бархоруғро, ки ёрони наздики Мамадбоқир Мамадбоқиров (маъруф ба Боқир) ба шумор мерафтанд, аз ҷумла ҷияни ин лидери ғайрирасмии кушташудаи Бадахшонро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.

Ҷияни Боқир Шаъбонов Ҷамшед Шокирҷонович, соли таваллудаш 1984, Ақназаров Ақназар Алиназарович, соли таваллудаш 1992  ва Зикиллобеков Сино Файзиллобекович, соли таваллудаш 1993 ҳар кадом ба 25 соли зиндон маҳкум шудаанд.  Бино ба иттилои манобеи “Бомдод”, додгоҳ Шаъбонов Собир Шокирович, бародари Ҷамшед Шаъбонов ва ҷияни дигари Боқирро низ маҳкум кардааст, вале чанд сол ҳукм гирифтани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Мақомот то кунун судури ҳукми ин гуруҳи сокинони Бархоруғро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки онҳоро мушаххасан бар асоси кадом моддаи Қонун ва бо чӣ иттиҳоме маҳкум кардаанд?

Дар аввали моҳи август додгоҳи Бадахшон Тоҳир Мамадбоқиров, як бародари Боқирро ба 28 соли зиндон ва бародари дигари ӯ Акрам Мамадбоқировро ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд.

Шаъбонов Ҷамшед, Ақназаров Ақназар ва Зикиллобеков Сино дар рӯйхатти иборат аз 6 сокини Бархоруғ буданд, ки ба ҳамла ба кормандони милитсия дар посгоҳҳои Хоруғ дар моҳи ноябри соли 2021 айбдор мешуданд ва вақти ҳанӯз зинда буданаш, мақомот аз Боқир талаб доштанд, ки онҳоро таслим кунад.  Боқир, ки супурдани ин ёронашро рад карда буд, рӯзи 22 майи соли 2022 ба таври мармуз дар маҳаллаи Бойне дар канори Бархоруғ кушта шуд.

Рӯзи 27 май, 5 рӯз баъди кушта шудани Боқир, ҷиянаш Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров  бо миқдори бузурги силоҳу муҳимот, аз ҷумла 19 автомати Калашников ва як туфангчаи Макаров худро ба мақомот таслим карданд.

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон он вақт бо нашри як гузориши видеоии муфассали 7-дақиқагӣ хабар дод, ки Ақназаров Ақназар ва Шаъбонов Ҷамшед барои ҷиноятҳое, чун ҳамла ба кормандони мақомот, авбошӣ ва мамониат ба адолати судӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, вале дар пушти Боқир пинҳон шуда, аз ҳозир шудан ба мақомот саркашӣ мекарданд. Ин ду нафар ва Сино Зикиллобеков аз ҷумла ба он айбдор мешуданд, ки 11 ноябри соли 2021 вақте Боқирро дар як посгоҳи Хоруғ дастгир карданӣ шуданд, ба кормандони милитсия ҳамла оварда, Боқирро аз дасти онҳо кашида гирифтанд.  Яке аз ёрони дигари Боқир бо номи Манучеҳр Шеров, ки  гуфта мешуд, дар он ҳамла бо табар корманди милитсияро захмӣ карда буд, ҳанӯз моҳи апрел дастгир гардида, алакай  баъди ҳафтае ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Милитсияи Бадахшон гуфта буд, ки Шаъбонов ва Акназаров “дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ” худро ба мақомот супурдаанд. Дар гузориши нашркардаи милитсия онҳо аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ карда, баёнот доданд, ки гӯё Боқир онҳоро ба содир кардани он ҷиноятҳо водор мекард. Онҳо ҳамчунин баёнот доданд, ки гӯё эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон бо амру дастури Боқир, генерал Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева роҳандозӣ шудаанд ва гӯё Боқир бо пули аз Шерзамонов гирифтааш барои одамони худ силоҳу арақ ва банг мехарид.

Дар чӣ шароит ба даст омадани ин эътирофот аз забони Шаъбонов ва Ақназаров рӯшан нест. Вале  дар видеои нашршуда дида мешуд, ки ҳарду эътирофи худро аз рӯи қоғаз хонда истодаанд ва азбаски матн барои онҳо ба забони адабӣ навишта шуда буд, Ақназаров ва Шаъбонов бисёре аз ҷумлаҳои барояшон навишташударо ба мушкилӣ қироат мекарданд. Бахусус Ақназаров сахт маълум мешуд, ки чӣ гуна синчакорона ба матни дар экран навишташуда  нигоҳ мекард.

Аммо дар милитсияи Бадахшон гуфтанд, ки Ақназаров ва Шаъбонов  бидуни ягон навъ бадрафторию зӯроварӣ ва маҷбуркунӣ эътирофи гуноҳ карданд.

Боқир, ки ӯро мақомот ташкилкунанда ва роҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май ба таври мармуз дар маҳаллаи бо Бархоруғ ҳамсояи Бойнӣ кушта шуд. ВКД гуфт, ки Боқир дар ҷараёни “муноқишаи дохилии байни гуруҳҳои ҷиноӣ” кушта шудааст. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро мақомоти вижа аз байн бурданд.

Баъди кушта шудани Боқир, рӯзи 25 май кормандони мақомот вориди маҳаллаи Бархоруғ шуда, супурдани ёрони ӯ, аз ҷумла Шаъбонов, Ақназаров ва Зикиллобековро талаб карда буданд. Мақомот ба сокинони Бархоруғ ҳушдор дода буданд, ки агар ёрони Боқир худро насупоранд, дар ин маҳалла кофтукоби хона ба хона роҳандозӣ хоҳад шуд. Гуфта мешуд, ки нафарони Боқир, аз ҷумла бародарон ва ҷиянҳояш баъди ин таҳдиди мақомот худро таслим кардаанд.

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон, ба ҳисоби Созмони Милал, ҳудуди 40 нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд.

Вале мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Рӯшон мусаллаҳ буданд ва аз ҷониби “созмонҳои террористӣ” кумаку ҳимоят мешуданд.  Мақомот иддао доранд, ки дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Бадахшон касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст. Вале сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми бесилоҳ оташ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button