ВидеоНомаҳо ба президент

ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ НАВЕСҲОИ МАҒОЗАҲОРО БО БУЛДОЗЕР ЧАППА КАРДАНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Ваҳдат бо фармони мақомоти маҳаллӣ навес ё болопӯшҳои мағозаҳоро вайрон карданд. Мақомот гуфтаанд, ин навесҳо бидуни иҷозат худсарона сохта шуда, ҷавобгӯи талабот нестанд ва гӯё ҳусни шаҳрро мекоҳонанд. Дастури вайрон кардани навесҳоро, ба гуфтаи соҳибкорон, муовини раиси шаҳр ва додситони Ваҳдат додаанд.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон садҳо иншоотро ба сабаби ғайриқонунӣ ё худсарона сохта шудану ҷавобгӯи талабот набудан вайрон карданд. Ҳамин тавр, садҳо хонаҳои истиқоматӣ низ ба далели гӯё ғайриқонунӣ ҷудо кардани шудани қитъаҳои заминашон вайрон карда шуданд.

 Як сабаби ҳабси журналистон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ расонаӣ кардани ҷараёни тахриби хонаҳои мардум дар як маҳаллаи пойтахт шуд. Онҳо пешниҳод карда буданд, ки ҳамаи хонаҳоеро, ки мақомот “ғайриқонунӣ” бароварда, қасди вайрон карданашонро доранд, қонунӣ гардонанд ва мардумро дигар ғам надиҳанд. Ба ҷои ин, ба ақидаи онҳо, мақомот мебоист мансабдоронеро, ки заминҳоро ғайриқонунӣ ҷудо кардаанд, ҷазо диҳанд, на инки мардуми бечораро  аз сарпаноҳ маҳрум созанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button