ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

АНА ВАТАНДӮСТ! ЗИЁДУЛЛО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ЯК ҚУЛЛАИ БАЛАНДИ ХАРАНГОНИ БОЛО ЧАСПОНД (ВИДЕО)

Зиёдулло ном як марди зодаи деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб рӯзи 21 августи соли 2022 бо як иқдоми ватандӯстона парчами миллии Тоҷикистонро ба яке қуллаҳои баланди атрофи деҳаи Харангони боло – кӯҳи Калфҳои болои Харангон бароварда, бар фарози қуллаи ин кӯҳ насб кард.

Дар видеое, ки шоҳидон аз Харангон фиристоданд, дида мешавад, ки Зиёдулло парчами миллиро  дар як чӯби дароз барафрошта, ба сӯи қуллаи кӯҳ боло рафта истодааст ва ба тамошобинон нишон медиҳад, ки парчамро дар кадом қулла мехоҳад насб кунад.

Кӯҳи Калфҳои болои Харангон дар канори деҳаи Харангони боло ҷойгир шуда, дар пушти он кӯҳ деҳаи Оғуртии ҷамоати Айнӣ воқеъ шудааст. Шумораи аҳолии Харангони боло аз 2 ҳазор болост, вале аҳолии Оғуртӣ ҳамагӣ каме бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад.

Зиёдулло, ки парчами Тоҷикистонро бар фарози қуллаи кӯҳи Калфҳои болои Харангон часпонд, зодаи Харангони болост, вале ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

Касби ӯ технолог буда, Зиёдулло аз соли 1990 то 2000 дар корхонаи пивобарории Душанбе ба ҳайси технолог кор кардааст. Аммо баъд ӯ ҳам мисли садҳо ҳазор ҳамватани дигари худ роҳи муҳоҷирати кориро пеш гирифт ва чандин сол боз дар корхонаи “Петрович” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳамчун комплектовщик (ҷамъубасткунанда) кор мекунад. Лозим ба гуфтан аст,  ки аксари аҳолии қобили кори деҳоти Харангон дар Петербург ва асосан дар ширкати “Петрович” кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button