ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президентТоҷикистон

МОТАМ ДАР ОИЛАИ ПРЕЗИДЕНТ: ХОҲАРАРӮСИ ПРЕЗИДЕНТ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Хоҳарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (ҳамсари боҷааш Файзиддин Нахшовва модари Амриддин Нахшов, раиси ширкати тиллошӯии “Нахш”) шоми ҷумъа, 12 августи соли 2022 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи шанбе, 13 август дар маркази ноҳияи Данғара ба хок супурда шуд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Данғара, ки дар маросими намози ҷаноза ва дафни хоҳари Азизамоҳ Раҳмонова дар Данғара иштирок доштаанд, хабар доданд, ки марҳума чанд сол боз аз бемории саратон ранҷ мекашид. Ӯ ҳамсари Файзиддин Нахшов,  мудири пешини шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд. Шавҳари ӯ  соли 2018 даргузашт.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” ҳамчунин хабар доданд, ки аксари аъзои оилаи бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамин тавр, хонаводаи низ бузурги Асадуллозодаҳо қариб ҳама дар маросими видоъ иштирок доштанд.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар бораи иштирокунандагони ин маросим гуфт: “Намози ҷанозаро худи муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода хонд. Ба ғайр аз худи президент, ки дар сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт, қариб ҳама буд. Рустамро дидам онҷо, Озода Раҳмонро,  дигар фарзандону домодҳои президентро. Чанд вазири данғарагӣ ҳам буд онҷо. Ҳасани Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” дар марги хоҳараш ҷомаву тоқӣ пӯшида, ба миёнаш локӣ баста буд ва ҳамчун мотамдор мардумро биёву бирав дошт”.

Қарор буд, рӯзи 13 август тӯйи Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон  ва Сафар Раҳмон, писари додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор шавад. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки тӯйи Фарзонаву Сафар ба сабаби марги холаи арӯс ба қафо гузошта шуд.

Сомонаи оппозитсионии “Ислоҳ” хабар дод, ки қарор буд, рӯзҳои наздик Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва Парвина Раҳмонова, духтари чоруми президент, низ духтарашонро ба шавҳар диҳанд. Вале ба далели даргузашти холаи Парвина шояд ин тӯй ҳам ба таъхир биафтад ваё ба як шакли хоксоронатар барпо шавад.

Хоҳарарӯси президент ва Файзиддин Нахшов чанд фарзанд доштанд, ки яке аз онҳо Амриддин Нахшов, раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш”  аст. Ширкати ӯ асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва ба истихроҷи тило машғул аст. Вале номи Амриддин Нахшов соли 2021 пеш дар пайи як моҷаро бар сари тақсими заминҳо барои ҷамъоварии шираи камол номаш дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд.

Гуфта мешуд, ки Амриддин Нахшов ва шариконаш рӯзи 16 майи соли 2021 дар Данғара  бо кормандони ширкати “Мину Фарм” вориди муноқиша шуда, онҳоро латтукӯб кардаанд. Долгоҳи ноҳияи Данғара моҳи июли соли 2021 5 нафарро дар чорчӯби ин парванда бо ҷурми авбошӣ (иштирок дар занозанӣ) ва расондани зарари вазнин ба саломатӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол маҳкум ба зиндон карданд Вале худи Амриддин Нахшов бо 60 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ халос хӯрд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ширкати “Мину Фарм” аз сохторҳои наздик ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои пурнуфузи президенти Тоҷикистон будааст.

Соҳибов, қарори маълум, ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол (ферула), як растании барои саноати дорусозӣ хеле гаронбаҳооро тақрибан таҳти монополия даровардааст ва Амриддин Нахшов гӯё аз “Мину Фарм” талаб кардааст, ки як қисми заминҳоро барои ҷамъоварии шираи камол ба одамони ӯ бидиҳанд. Милитсияи Данғара баъдан изҳор дошт, ки Нахшов дар он ҷанҷол гӯё нақши халосгарро иҷро карда, талош кардааст, то тарафҳои даргирро халос кунад.

Вале манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” мегӯянд, он вақт маҳз гирёну нолон пеши президент Эмомалӣ Раҳмон рафтану илтиҷо кардани модари Амриддин Нахшов боис шуд, ки президент дар байн даромад ва хостори бо ягон ҷазои рамзӣ ҷавоб додани ӯ шуд. “Вагарна барои ҷанҷол бо одамони домоди президент ҳатто Амриддинро ҳам метавонистанд чанд сол бишинонанд”, нақл кард яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button