ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МОДАРИ ҶАВОН БО 2 КӮДАКАШ ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН МОНД. МОДАР ҶОН БОХТ, КӮДАКОН – ДАР БЕМОРХОНА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 28-уми июли соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-190”, Асламов Рамазон Тағоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Валъамади Саидҷаъфар, соли таваллудаш 1995 бо ду фарзанди ноболиғаш Шеров Абдураҳмон Абдуманонович, соли таваллудаш 2016, ва Шерова Азизамоҳ Абдулманоновна, соли таваллудаш 2018, сокинони ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Валъамади Саидҷаъфар дар беморхона ба ҳалокат расида, хурдсолон Шеров А.А. ва Шерова А.А., ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ҳамон рӯзи 28 июл, тахминан соати 17:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Обидов Наврӯзҷон Набиҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояк аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуқурии тахминан 20-метр чаппа шуд.
Дар натиҷа, ронанда Обидов Н.Н. ва мусофираш Байзоева Назира Саидовна, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон доданд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button