ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 3 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 2 НАВРАС ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 июли соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 3 ҳодисаи ғарқ шудани шаҳрвандон сабт шудааст. Яке аз қурбониён 39 сол дошта, дуи дигар наврасони синнашон 15 ва 16 будаанд.

Аз ҷумла, ҳаз субҳи 28 июл, соати 9:30, ба навбатдори раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд занг зада, хабар додаанд, ки як мард дар обанбори “Баҳри Тоҷик” ғарқ шудааст. Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса омада, маълум кардаанд, ки дар як макони барои оббозӣ мамнӯи обанбор як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе ғарқ шудааст.  Рӯзи аввал ғаввосон то соати 19:10 ҷасадро ҷустуҷӯ кардаанд, вале бенатиҷа. Аз субҳи 29 июл ҷустуҷӯ аз сар гирифта шудааст.

Ҳодисаи нохуши дуюм дар вилояти Хатлон рӯй додааст. Соати 11:20 ба раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи ин вилоят хабар додаанд, ки як навраси 16-сола аз деҳаи Рӯдакӣ, воқеъ дар канори шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён ҳангоми чаронидани чорво дар соҳили дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ба об афтода, ғарқ шудааст. Наҷотбахшони раёсат ба ҷои ҳодиса рафта, то соати 19:35 ҷасадро ҷустуҷӯ кардаанд. Амалиёти ҷустуҷӯ аз субҳи 29 июл аз сар гирифта шуд.

Ҳодисаи сеюм дар Душанбе ва боз ҳам дар канали дериватсионии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯй додааст. Бо вуҷуди онки дар соҳилҳои ин канал тоблуҳо бо навиштаи “Оббозӣ манъ аст!” насб кардаанд, боз ҳам тақрибан рӯздармиён касе дар ин канал ғарқ мешавад. Рӯзи 28 июл дар канали дериватсионӣ як навраси 15-сола аз деҳаи Бӯстони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ғарқ шудааст, Ҷасади ӯро пайдо карда, аз об баровардаанд ва ба мақомоти марбута супоридаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 26 июл дар Тоҷикистон якбора 5 навраси синнашон аз 11 то 18 ғарқ шуданд.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз аввали сол шумораи ғарқшудагон алакай аз 120 гузашт. Тақрибан 70 нафари онҳо кӯдакону наврасони то синни 16 мебошанд.

Ба ҳисоби расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон 84 нафар ба ҳалокат расиданд. 7  нафари инҳо то 4-сола буда, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16–сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва 11 тани дигар болотар аз 35 буданд.

Соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон, ба хусус ба падару модарон муроҷиат карда, боисрор хостааст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо қоидаҳои рафтор дар соҳили кӯлу дарёҳоро бори дигар бифаҳмонанд.

 “Як лаҳзаи кӯтоҳи бепарвоӣ кофист, ки ба фоҷиаи талх биорад! Кӯдакони худ ва ҳаёти онҳоро эҳтиёт кунед! Кӯдакони худ ва ҳаёти онҳоро ҳифз кунед!” – хитоб кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button