ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕОИ +18: Ё АЗ МАН МЕШАВӢ, Ё АЗ ҲЕҶ КАС! ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК МАЪШУҚААШРО АЗ РАШК КУШТААСТ

Як марди 27-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Роман Ҳамроев (дар асл Хушнуд Ҳамроев) дар шаҳри Новосибирски Русия бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Лаҳзаи ин кушторро, ки шаби 26 июли соли 2022 дар кӯчаи Лесосечная дар маҳаллаи Нижняя Елтсовкаи ноҳияи Совет, дар канораҳои ҷанубии Новосибирск, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз Бердск рӯй дод, як ронандае, ки он шаб тасодуфан дар онҷо буд, тавонистааст бо видеорегистратори мошинаш сабт кунад.

Ин ронанда ва ҳам ронандаи як таксии дигари раҳгузар, ки шоҳиди бераҳмона маъшуқаашро куштани Ҳамроев шуданд, дар он лаҳза аз тарс натавонистаанд, ки ба кумаки ҷабрдида биоянд. Дар сабт дида мешавад, ки ҷавон бо зарбаи корд духтарро дар рӯи роҳ ба замин меафтонад  ва баъди афтиданаш низ ба бадани ӯ бо корд зарба задан мегирад. Баъди тамом кардани кори духтар, он ҷавон тавассути ҷангале, ки дар канори роҳ буд, фирор мекунад.

Баъди рафтани ӯ он ду ронандаи шоҳид ба пеши духтар мешитобанд, вале ӯ алакай дар ҷои ҳодиса ҷон дода буд. Ташхис баъдан дар бадани ӯ 15 захми кордро пайдо кардааст.

Шахсияти гумонбаршавандаро пулис зуд муайян кард. Ӯ дӯстписари собиқи Анастасия буда, 27 сол доштааст ва қаблан ҳам, дар соли 2019 барои латтукӯб ва таҳдиди куштани як дӯстдухтари қаблиаш ба ҳабс гирифта шуда, ним солро дар СИЗО ба сар бурда буд.

Бино ба иттилои Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Новосибирск, ӯ он шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори воқеъ дар кӯчаи Хилокская расондааст ва аз бозорнишинҳо пурсидааст, ки оё чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор аз девори каҷ ҳазар гуфта, макони будубоши ӯро ба пулис хабар додаанд.

Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Новосибирск дар иттилоияаш гуфт: “Аломатҳо (ориентировка)-и гумонбаршаванда ба тамоми гуруҳҳои пулис фиристода шуд. Субҳи 27 июл, соати 9, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ гумонбаршаванда дар кӯчаи Хилокская ноҳияи Ленин дастгир карда шуд. Маълум шуд, ки боздоштшуда нақша дошт, ки қаламрави Русияро тарк кунад.”

Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, боздоштшуда алакай дар бозпурсии аввал ба кирдораш иқрор кардааст. Нисбат ба ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парванда кушодаанд. Ба Ҳамроев бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Нашрияи маҳаллии Бердск-Онлайн  бо такя ба манобеаш дар пулис хабар дод, ки духтари кушташуда Анастасия Р. Ном дошта, аз шаҳри Бердск буд ва дар яке аз мактабҳои ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск, дар наздикии маҳалли қатлаш таҳсил мекард.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, Роман Ҳамроев ба  Настя рашки беандоза дошт ва дар заминаи рашк ӯро кушт. Канали Mash | Мэш бо истинод ба дугонаҳои Настя хабар дод,ки Роман гӯё Настяро доим мезад, вале ӯ аз тарси таҳдидҳои ин ҷавон аз вай ҷудо шуда наметавонист.

Роман Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори кӯчаи Хилокская ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард ва дар наздикии маҳалли куштор иҷора менишаст. Телеграм-канали АСТ-54 Black менависад, ки қабл аз куштан, ӯ ба духтар гӯё гуфтааст: “Ё аз ман мешавӣ, ё аз ҳеҷ каси дигар!”

Анастасия Р. моҳи майи соли ҷорӣ ба синни 17 расида буд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button