ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛ ДАР ЛАХШУ САНГВОР РОҲҲОРО БАСТ. ХУШБАХТОНА, ТАЛАФОТ НЕСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 июли соли 2022 бар асари ҳарорати баланди ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо дар ноҳияҳои Сангвор (собиқ Тавилдара) ва Лахш (собиқ Ҷиргатол) сел омада, роҳҳоро муваққатан баст. Ин офати табиӣ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба ҳавошиносон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 27-28 июл низ ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ боқӣ монда, дар водиҳо то +40+45 ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то +40+42 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 27-28 июл ба сабаби ҳавои гарм эҳтимоли болоравии сабҳи об дар  ҳавзаи дарёҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон вуҷуд дорад. Рӯзҳои 28-29 июл дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қис мати шарқии ВМКБ сабабгори об шудани барфу пиряхҳо мешавад, ки дар натиҷа эҳтимоли омадани селҳо, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.

Бино ба иттилои Кумита, рӯзи 25 июл, соати 15:00, дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол  бинобар сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво ба  селроҳаи дарёчаи “Арчакпа” сел омад ва  пеши  роҳи  дарёи Сурхобро пурра банд намуд. Дар натиҷа самти роҳи Душанбе-Ҷиргатол баста гардида, тақрибан 1,5 километр роҳро сел  шуст ва инчунин 4 симчӯб ва зиёда аз 200 метр ноқилҳои  барқиро корношоям кард.    

Барои рафъи паёмадҳои ин ҳодиса кормандони Шуъбаи КҲФ ва Комиссияи ноҳиявӣ, хадамоти роҳ ҷалб  гардида, то соати 16:05 роҳро тоза карданд ва  ҳаракати мошинҳо қисман ба роҳ монда шуд.

Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба корҳои барқарор намудани оқибатҳои сел дода ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. 

Ҳамчунин рӯзи 25 – уми июл, соати 16:35,боз ҳам аз гармои шадид дар деҳаи Лоҷурги ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Сангвор  сатҳи дарёчаи байни деҳа баланд гардида, оби дарё ба самти роҳ баромада, роҳҳои  байни деҳаҳоро  муваққатан баст. Рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз як техникаи муҳандисӣ идома доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо назардошти ин ҳушдор додааст, ки гармои шадид боиси об шудани барфу пиряхҳо мешавад ва ин эҳтимоли омадани селҳоро дар фасли тобистон зиёд мекунад. Аз ин рӯ, ҳамеша эҳтиёт кунанд ва селроҳаву ҷӯву ҷӯйборҳои назди хонаҳо ва деҳаҳои худро тоза нигоҳ доранд. 

Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, моҳидорӣ, ҷамъоварии алафҳои доруворӣ ва ғайра эҳтиёт кунанду ҳамеша ҳушёр бошанд. Чун маъмулан селҳо ногаҳонӣ меоянд ва сокинонро ғофилгир мекунанд.

Кумита бо назардошти идомаи гармо аз сайёҳон ва ташкилотҳои гардишгарӣ низ хостааст, ки бо назардошти вазъ дар соатҳои ҳаракатҳои худ ба самтҳои ёдшуда тағйирот ворид кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button