ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАРИ ГАЗ-66 ДАР НУРОБОД ВА ДУЗДИИ 15 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ МАҒОЗА

Рӯзи 25-уми июли соли 2022, тахминан соати 18:20, бар асари чаппа шудани як мошини боркаши тамғаи «ГАЗ-66» дар ҳудуди деҳаи Истони ноҳияи Нуробод, як мусофири 23-солаи ин мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ҷароҳат бардоштааст.

хххххххххххх

Сокини 33-солаи шаҳри Хуҷанд, ки пеш бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ барои дуздӣ суд шудааст, ҳоло ба он гумонбар мешавад, ки  шаби 24 июл, тахминан соати 23:15, аз мағозаи хӯроквории воқеъ дар ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров 15 ҳазор сомонӣ пули нақдро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ҷавони 23-сола ҳангоми ба ҷарӣ афтидани автомашина

021

25-уми июли соли 2022, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-66», Ҳасанов Шарофиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Истони ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии ҷуқуриаш 150 метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Зиёев Файзалӣ Мирзоназарович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда, Ҳасанов Ш.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дуздии маблағ аз мағозаи хӯрокворӣ

021.jpg

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми июли соли 2022, тахминан соати 23:15-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур 15 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button