ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ИН ДИГАР ФОҶИА АСТ! ДАР ЯК РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 5 НАВРАС ҒАРҚ ШУДААНД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 27 июли соли 2022 хабар дод, ки тайи як рӯзи гузаштаи 26 июл дар Тоҷикистон боз 5 наврас ғарқ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин 5 ҳодисаи нохуш дар ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён  ва дар Панҷакент рух дода, соли таваллуди қурбониён 2004, 2006 ва 2011 будааст.

Сокинони маҳаллӣ ва ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасадҳои 4 ғарқшударо пайдо карда, аз об баровардаанд ва ба наздиконашон супурдаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади сокини 16-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоата Сафобахши ноҳияи  Данғара ҳанӯз идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  оббозӣ дар маконҳои барои оббозӣ номуносиб ва мамнӯъро сабаби аслии ин 5 ҳодисаи нохуши фоҷиабор номида, бо изҳори таассуф навиштааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори дар бораи зарурати риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва беназорат нагузоштани кӯдакон, сокинон ҳамчунон ба ин ҳушдорҳо аҳамият намедиҳанд.

 “Падару модарон ба даъватҳои мо дар мавриди беназорат нагузоштани фарзандон бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Дар натиҷа, ин амали онҳо ба чунин оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонад”, – таъкид кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Генерал-полковник Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 26 июл дар нишасти хабариаш гуфт,  дар нимаи аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 84 нафар ҷон бохтаанд, ки назар ба 69 ғарқшудаи ҳамин давраи як соли қабл 15 қурбонӣ зиёд аст.  “Ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯду кӯлҳои кишвар дар шаш моҳи охир 84 нафар (соли 2021 – 69) ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари инҳо то 4-сола буданд, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16 – сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва ёздаҳ нафари дигар болотар аз 35-сола буданд”, гуфт раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Бо замми ғарқшудагони моҳи июл шумораи қурбониёни имсола алакай ба 120  нафар  наздик мешавад ва мутаассифона, беш аз нисфи ин қурбониён ноболиғонанд.  Соли 2021 низ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буданд.

Дар пайи хабари ҳалокати 5 навраси ахир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон, ба хусус ба падару модарон муроҷиат карда, боисрор хостааст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо қоидаҳои рафтор дар соҳили кӯлу дарёҳоро бори дигар бифаҳмонанд.  “Як лаҳзаи кӯтоҳи бепарвоӣ кофист, ки ба фоҷиаи талх биорад! Кӯдакони худ ва ҳаёти онҳоро эҳтиёт кунед! – хитоб кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button