ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

ХИТОБИ КАБИРӢ БА РУСИЯ: ДАР МАСЪАЛАИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ ХАТО МЕКУНЕД

Муҳиддин Кабирӣ,  раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), бузургтарин ташаккули оппозитсияи тоҷик, рӯзи 27 июли соли 2022 иқдоми мақомоти Русия барои дар қаламрави ин кишвар “созмони террористӣ” эълон кардани ҳизбашро “иштибоҳ” номид ва гуфт, ин ба тундрав шудани нирӯҳои муътадил ва афзоиши эҳсосоти зиддирусӣ хоҳад овард.

Кабирӣ дар саҳифааш дар Твиттер навишт: “Русия ҳамчун кафили раванди сулҳ бо инки ҲНИТ – яке аз тарафҳои созишномаи сулҳро террористӣ эълон мекунад, ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Ин  мунҷар ба тундравтар шудани нирӯҳои муътадил, афзоиши эҳсосоти зидди Русия ва ба ҳам задани эътимод ба муколама ва роҳу васоили сулҳомези ҳалли масоили дар Тоҷикистон хоҳад шуд.”

Ба ақидаи Кабирӣ, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз заифии Русия дар пасманзари буҳрони УКраина истифода бурда, ба Маскав дар масъалаи “террористӣ” эълон кардани ҲНИТ фишор овардааст. “Русия муддати тӯлоние ин талабро рад мекард”, – ёдовар шудааст ӯ ва афзудааст, дар Тоҷикистон тасмими Русия барои “террористӣ эълон кардани ҳизби наҳзатро “барои таблиғот ва таъқиботи нав истифода хоҳанд бурд”.

Дар роҳбарияти ҲНИТ бар инанд, ки “созмони террористӣ” эътироф шудани ин ҳизб дар қаламрави Русия ҳеҷ таъсире ба фаъолиятҳояш нахоҳад дошт, чунки ҲНИТ баъди манъи фаъолияташ дар Тоҷикистону боздошти шуморе аз тарафдоронаш дар кишварҳои дигар ҳама гуна фаъолияти худро дар қаламрави Шӯравии собиқ ба хотири таҳти хатар нагузоштани аъзо ва ҳаводоронаш қатъ карда буд. ҲНИТ ҳоло асосан дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо фаъолият дорад.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, додситони кулли Русия Игор Краснов, ки рӯзҳои 25-26 июл бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, дар мулоқотҳояш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хабар дод, ки додситонии кулли Русия хостори дар ин кишвар низ “созмони террористӣ” эътироф кардани ҲНИТ шудааст.

Ӯ аз ҷумла рӯзи 25 июл ба президенти Тоҷикистон гуфт: “Мо алакай чунин дархостро дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ фиристодем”.

Рӯзи 26 июл, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Игор Краснов дар ин бора тафсилоти бештар дод.

“Вазъи муҳоҷирон ва афзоиши фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон ҳамчунон доғ боқӣ мемонанд. Дар ин робита ман мехостам зикр кунам, ки мо фикри шуморо  дар мавриди дар Русия низ террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо ба инобат гирифтем. Аз ҷумла  ҷамъоварӣ ва таҳияи санадҳо нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Ман дархости марбутаро (дар мавриди ҲНИТ) имзо кардам ва ба додгоҳ фиристодам” – хабар додааст Краснов ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.

То баста шуданаш, ҲНИТ бо ҳудуди 44 ҳазор узв дуюмин ҳизби бузурги Тоҷикистон баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба шумор мерафт.

Фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон  моҳи сентябри соли 2015, билофосила баъди саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, қатъ карда шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизби мухолифро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил кард.  Баҳонаи расмии бастани ҲНИТ аз ҷониби мақомот айбдор шуданаш ба раҳбарии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим буд. ҲНИТ ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст ва мегӯяд, ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунӣ шуд.

Аз он замон Душанбе талош дошт, то ба манъи расмии фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишварҳои муттаҳидаш низ ноил шавад, вале ин талошҳояш то кунун натиҷа надода буд.

Русия амалан нахустин кишвар аст, ки ба сурати қонунӣ мехоҳад аз мавзеи Тоҷикистон дар масъалаи ҲНИТ пуштибонӣ кунад. Бисёриҳо бар инанд, ки ба чунин иқдоми Маскав ба сурати ҷиддӣ ва ба муддати тӯлонӣ дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина сабаб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button