ВидеоТоҷикистонҶомеа

ФИРДАВСИ ФАРИДУН, СОКИНИ 10-МИЛЛИОНУМИ ТОҶИКИСТОН БА ХОНАИ НАВ КӮЧИД (24 АКС)

Шаҳрдории Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Фирдавси Фаридун, тифле, ки рӯзи 23 июл дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе ба дунё омад ва сокини 10-миллионуми Тоҷикистон интихоб гардид, рӯзи 26 июли соли 2022, баъди рухсат шудан аз таваллудхона ҳамроҳи модараш Махфират Шокирова ва падараш Фаридун Баротов ба хонаи нави худ  омад.  Баъди таваллуд шудани Фирдавс, ба ин оила аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар як бинои навбунёд хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карда шуд.

Шаҳрдории Душанбе бо нашри аксҳои хонаи нави ин оилаи хушбахт хабар дод, ки ҳангоми вуруд ба хонаи навашон “оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд. Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди пойтахти мамлакат аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд”.

Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки манзили нав бо тамоми ашёи рӯзгор: аз мизу курсӣ то пардаю қолин, рахти хоб ва дигар асбобу таҷҳизот таъмин карда шудааст.

Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки падару модари Фирдавси Фаридун ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд арзи сипосу миннатдории бепоён намуданд.

Фирдавси Фаридун нахустин фарзанди cокинони ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова буда, бо вазни 3 килою 250 грамм ва бо қади 50 сантиметр ба дунё омад. Падари ин тифли хуштолеъ муҳоҷири корӣ ва модараш хонашин будаанд.

Ёдовар мешавем, сокини 9-миллионуми Тоҷикистон ҳамагӣ 4 сол қабл, 26 майи соли 2018 низ дар шаҳри Душанбе ба дунё омада буд ва шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ба падару модари он тифл Фирӯз Латипов ва Назира Муллоҷонова низ хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа карда буд.

Дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон, аҳолии ин кишвар  қариб 2 маротиба афзуда, аз 5,5 миллион ба 10 миллион расид. Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор тифл ба дунё меояд ва бо вуҷуди қабул кардани барномаи танзими таваллуд,  ин ҷумҳурӣ  ҳамчунон аз лиҳози суръати рушди аҳолӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button