ТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

МАРГИ ФОҶИАВИИ ЯК МАРД ВА 4 КӮДАК ДАР КӮЛОБ: БАРОИ ХАРГӮШҲО ЛОНА МЕСОХТАНД…

Ин фоҷеа рӯзи 24-уми июли соли 2022 дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рух додааст. Як мард ва 4 кӯдак мехостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд. Вале баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шудааст ва ҳамаи ин 5 нафар зери бораи хок монда, дар ҷойи ҳодиса ба таври фоҷиавӣ ҷон додаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Кӯлоб интиқол доданд.

Аз ин қурбониён танҳо як нафар марди болиғ буда 45 сол доштааст. Боқимонда ноболиғоне буданд, ки 12, 10, 9 ва 6 сол доштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидону наздикони қурбоншудагон арзи таслият карда, аз сокинон хостааст, аз анҷоми чунин корҳои хатарнок, ки паёмадҳои нохубу нохуш доранд, худдорӣ кунанд ва ба ҳеҷ сурат ба чунин корҳои хатарнок кӯдаконро ҷалб накунанд.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ба наздикони қурбониёни ин фоҷиа таслият арз мекунад ва аз даргоҳи Худованд барои қурбониён охирати обод ва ба бозмондагони онҳо сабри ҷамил металабад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button