ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КОРМАНДИ КҲФ ДАР ДУШАНБЕ ЯК МАРДРО АЗ ҒАРҚШАВӢ НАҶОТ ДОД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 24 июли соли 2022, тақрибан соати 18:50, ҳайъати дидбонии иборат аз кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили канали дериватсионии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шоҳиди ғарқ шудани як марди калонсол шуд.

Сармутахассиси раёсат Ҷунайдулло Ализода худро ба об партофта, ба кумаки он мард шитофт. Бино ба нақли Ҷунайдулло, вақте ки ӯ ба назди он мард расид, он нафар алакай зери об мерафт. Мардро аз об берун бароварда, ба вай кумаки аввалияи тиббӣ расонданд. Маълум шуд, ки ӯ сокини 51-солаи ноҳияи Данғара буда, ҳамроҳи 3 дӯсташ барои истироҳат ба лаби канал омадаанд ва дар як мавзеи барои оббозӣ мамнӯъ оббозӣ мекарданд.

Аз аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 110 нафар, аз ҷумла наздики 60 ноболиғ ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва оббозӣ дар маконҳои мамнӯъро сабаби асосии ғарқ шудани аксари ин афрод мешуморанд. Кумита ба ин далели бори дигар аз сокинон хостааст, ки ҳангоми истироҳат дар лаби об қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя карда, дар маконҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button