ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ҲИЗБИ НАҲЗАТРО ДАР РУСИЯ НИЗ “ТЕРРОРИСТӢ” ЭЪЛОН МЕКУНАНД

Додситонии кулли Русия аз додгоҳи он кишвар хостааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бузургтарин ташаккули мухолифини тоҷикро  дар қаламрави Русия низ “созмони террористӣ” эътироф кунад. Дар ин бора додситони кулли Русия Игор Краснов  рӯзи 25 июли соли 2022 дар Душанбе дар мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

 “Ман ин мавзӯъро бо додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баррасӣ мекунам. Аз ҷумла ҳамкорамро дар бораи баррасии дархости ӯ дар мавриди дар Русия созмони террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо хабардор хоҳам кард. Мо алакай чунин дархостро дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ фиристодем”, – нақли қавл кардааст аз суханони Краснов дар мулоқот бо Раҳмон Телеграм-канали Додситонии кулли Русия.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба ин манбаъ, “дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид. Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, кибер-ҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шуд.  Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи  тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин  гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”.

Вале хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар иттилоияи расмиаш дар бораи баррасии масъалаи ҲНИТ дар ин мулоқот ишорае накардааст.

Фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 қатъ карда шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ташаккули бузургтарини мухолифинро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил кард.

Аз он замон Душанбе талош дошт, то ба манъи расмии фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишварҳои муттаҳидаш низ ноил шавад, вале ин талошҳояш то кунун натиҷа надода буд.

Русия амалан нахустин кишвар аст, ки ба сурати қонунӣ мехоҳад аз мавзеи Тоҷикистон дар масъалаи ҲНИТ пуштибонӣ кунад. Бисёриҳо бар инанд, ки ба чунин иқдоми Маскав ба сурати ҷиддӣ ва ба муддати тӯлонӣ дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина сабаб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button