ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ “МЕРСЕДЕС” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24 июл бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ дар шоҳроҳи  Душанбе – Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои ВКД, 24-уми июли соли 2022, тахминан соати 14:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Давлатмуродзода Муҳаммади Икром, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Сафаров Абубакр Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дуюм Сафаров А.А. ва мусофираш Ҳайдаров Дилшод Сангинбоевич, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Панҷакент, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дигар, Умаров Абдувосид Адҳамович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ҳисор аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Давлатмуродзода М.И. ва мусофиронаш Умаров Абдурауф Адҳамович, соли таваллудаш 2000, Ҳалимов Муҳаммадмӯсо Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 2004 ва Ҳалимов Зикрулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Ҳисор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳафтаи гузашта дар ду садамаи дигар дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 6 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки субҳи 21 июли соли 2022, соати 07:05 ба қисми навбатдории ин кумита дар бораи як садамаи мудҳиш дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ хабар додаанд. Як мошини “Мерседес” бо 4 нафар дар километри 126–уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба далели номаълуме дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба чуқурии 120 метр сарозер шуда, сипас ба Фондарё афтодааст.

Ҳамин тавр, шоми 20 июл, соати 19:45 боз ҳам дар ҳамин ноҳияи Айнӣ, дар ҳудуди ҷамоати Урметан як мошини тамғаи ГАЗ-2705 ба чуқурии 40 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, 2 мусофири ин мошин бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар бемористон ҷон бохта, ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ карда шудаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳоро дар кишвар ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button