ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ФАВРӢ! НИРӮҲОИ КУРД ДАР СУРИЯ 146 ЗАНУ КӮДАКИ ТОҶИКРО БА САФИРИ ТОҶИКИСТОН ЗУБАЙДУЛЛО ЗУБАЙДЗОДА СУПОРИДАНД

Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия рӯзи душанбе, 25 июли соли 2022 дар маҷмӯъ 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШро ба Тоҷикистон супурданд.

Фанар  Кеит, намояндаи курдҳои Сурия ба хабаргузории Франс Пресс гуфт: “Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”.

Зубайдулло Зубайдзода дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳуумати Тоҷикистон чандин вақт боз барои пайдо кардани роҳҳо ба Ватан баргардондани ин шаҳрвандонаш талош дошт.

Бино ба иттилои Франс Пресс, нирӯҳои курд 146 зану кӯдаки тоҷикро бо автобусҳо барои интиқол то фурудгоҳи  Қамишлӣ овардаанд. Ба мушоҳидаи хабарнигор, занҳо либоси сиёҳ дар тан дошта, бархе кӯдакон низ дар сар ҳиҷобу ниқоб доштаанд.

Баъди шикасдти ба ном хилофати ДОИШ дар Сурияву Ироқ дар соли 2019 ҷомиаи ҷаҳонӣ ба мушкили ба ватанҳояшон баргардондани аъзои оилаҳои ҷангҷӯёни ин созмон рӯбарӯ шуд. Бархе кишварҳо барои баргардондани шаҳрвандонашон, ки дар Сурияву Ироқ ба саффи гуруҳҳои ифротию террористӣ ҳамроҳ шудаанд, зиёд майл нишон намедиҳанд. Ба ҳисоби Дидбони ҳуқуқи башар (HRW),  дар урдугоҳҳо ва маҳбасҳои воқеъ дар шимолу шарқи Сурия беш аз 41 ҳазор хориҷӣ, аксаран кӯдакони то синни 12, чандин сол боз бо гумони ҳамдастӣ дар фаъолиятҳои ДОИШ нигоҳ дошта мешаванд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун хабарии раҳоии 146 зану кӯдаки тоҷик аз асорат дар Сурияро расман шарҳ надодаанд.

Тавре қаблан хабар додем, сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 21 июли соли 2022 дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия бо мақомҳои баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо муовини президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук ва  муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ  масъалаи ба Ватан баргардондани садҳо шаҳрванди тоҷикро  аз урдугоҳҳои ин кишвар баррасӣ карда буд.

Дар солҳои авҷи фаъолиятҳои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ дар Сурияву Ироқ ва эълони “хилофат”  дар сарзаминҳои ишғолкардаи ин гуруҳ дар он ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна, ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ асосан замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданашон ба доми фиреби мубаллиғони ба ном “ҷиҳод” афтода, бархе ҳатто хонахез бо аҳли оилаҳояшон ба Сурияву Ироқ рафтанд ва ба саффи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастанд.

Ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 500 тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва зану фарзандони онҳо дар ҷараёни ҷангҳову бомбаборонҳо дар Ироқу Сурия кушта шуда, баъди аз дасти ДОИШ пас гирифтани тақрибан ҳама сарзаминҳои таҳти назораташ даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва ҳамин тавр, беш аз 400 нафар аз занону фарзандони онҳо ба асорат афтоданд.

Чанд зани тоҷик дар Ироқ барои ҳамдастиашон ба ДОИШ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардиданд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, то занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро ба Ватан баргардонанд. Моҳи апрели соли 2019 бо талошҳои сафир Зубайдулло Зубайдзода, 84 кӯдаки тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонданд.

Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, чанд сол боз беш аз 260 зану кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Рожи Сурия қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ вазъи занону кӯдакони асир дар урдугоҳҳои Сурияро хеле бад  ва пур аз маҳрумият ба қалам медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button