ВидеоСиёсат

БАРКАНОРИИ РАИСИ ВАРЗОБ, МУОВИНИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ, РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ ВА ЧАНД МАНСАБДОРИ ДИГАР

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 25 июли соли 2022 раиси ноҳияи Варзобро барканор карда, дар дар воҳидҳои сохтории вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илм низ як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла Маҳмадулло Шерализода бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифи раиси ноҳияи Варзоба озод гардида, Шарифхон Сафарзода , ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт, раиси ноҳияи Варзоб таъйин гардид. Дар бораи  ба кадом “кори дигар” гузаштани Шерализода чизе гуфта нашудааст.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат, Сироҷзода Шуҷоат Хайрулло аз вазифаи муовини вазири нақлиёт, Замонзода Мадамон Амирхон аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Хоҷазода Абдулаҳад Назариён аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Қонунзода Шодигул Худобахш аз вазифаи директори мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати Хоруғ озод карда шуданд.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои ҳукумат Неъматзода Фаррух Неъмат муовини вазири нақлиёт, Ғафурзода Тағоймурод сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Мирзоализода Баҳром Мирзоалӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Тоҳирзода Қобил Тоҳир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, Комилбек Амид Ёрбек ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Бойназарзода Мавлуда директори мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати Хоруғ таъйин карда шуданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳо таъкид кардааст, ки “дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд”.

Мунтақидон сиёсати кадрии ҳукумати кунунии Тоҷикистонро ҳамеша ба боди танқид мекашанд ва мегӯянд, меъёри асосии интихоби кадрҳо дар ин ҳукумат на шоистасолорӣ ва стаҳи тахассусусу дониш, балки садоқатсолорӣ аст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
озод намудани Шерализода М.У.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шерализода Муҳамадулло Умар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 июли соли 2022
№414

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
таъин намудани Сафарзода Ш.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 июли соли 2022
№415

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №339
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сироҷзода Ш.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сироҷзода Шуҷоат Хайрулло аз вазифаи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №340
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
озод намудани Замонзода М.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Замонзода Мадамон Амирхон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №341
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии
«Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»
озод намудани Хоҷазода А.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хоҷазода Абдулаҳад Назариён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №342
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
озод намудани Юсуфзода Г.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №343
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи таълимии
давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат
дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
озод намудани Қонунзода Ш.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонунзода Шодигул Худобахш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №344
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири
нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Неъматзода Ф.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Неъматзода Фаррух Неъмат муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №345
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
таъин намудани Ғафурзода Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғафурзода Тағоймурод сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №346
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
«Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»
таъин намудани Мирзоализода Б.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзоализода Баҳром Мирзоалӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №347
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии таъминоти
амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Тоҳирзода Қ.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Тоҳирзода Қобил Тоҳир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №348
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии
Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
таъин намудани Комилбек А.Ё.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Комилбек Амид Ёрбек ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 июли соли 2022 №349
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи таълимии давлатии
«Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар
шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
таъин намудани Бойназарзода М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бойназарзода Мавлуда директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button