ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАҲСИ 50 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ КРАН ВА ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ БА МАБЛАҒИ 36 500 СОМОНӢ

Як сокини пойтахт ва сокини Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 аз як сокини Душанбе як крани маноравиро 70 ҳазор доллар нарх карда гирифта, 20 ҳазор долларашро дода, пули боқимондаро то ҳол надодаанд.
хххххххххххххххххх

Як сокини 32-солаи ноҳияи Темурмалик ба он гумонбар мешавад, ки шаби 18-уми июл аз хонаи як сокини Душанбе ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии ду нафар

009

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020 марди 28-солаи сокини пойтахт ва марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад «крани маноравӣ»-ро ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 20 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт намуда, боқимондаашро то ҳол надодаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии ҷавоҳирот аз хонаи истиқоматӣ

031

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза мадри 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми июли соли 2022, тахминан соати 21:39-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 36 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button