ВидеоИқтисодМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ТО 1500 СОМОНӢ – НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН АЗ ТОҶИКИСТОН ТО РУСИЯ МАЪЛУМ ШУД

Муовини сардори Хадамоти бехатарии қаторҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон Зоиршо Файзуллоев дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки нархи чиптаи қатори роҳи оҳан аз шаҳри Душанбе то ба вокзали шаҳри Волгогради Русия тақрибан 1,4-1,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

“Агар чипта пештар, барои мисол, як моҳ пештар харида шавад, 200-300 сомонӣ арзонтар мешавад”,- илова кардааст Файзуллоев. Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик фурӯши чиптаҳои қатор аз Душанбе ба Волгоград оғоз мегардад.

Ахиран “РЖД” (Ширкати “Роҳҳои оҳани Русия”) хабар дод, ки ҳаракати қаторҳои мусофиркаш байни Тоҷикистону Русия, ки аз 17 марти соли 2020 ба сабаби коронавирус мутаваққиф шуда буд, аз 30 августи соли 2022 дубора ба роҳ монда мешавад.

Қарор аст, ҳаракати қаторҳои мусофиркаш аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон то шаҳри Волгогради Русия ба роҳ монда шавад.

Ҷадвали ҳаракати қаторҳои ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” чунин аст:

– аз 30 август — хатсайри N329/330 Душанбе — Волгоград  ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе аз Душанбе ба самти Волгоград ҳаракат карда, рӯзҳои ҷумъа аз Волгоград ба самти Душанбе ба роҳ мебарояд;

– аз 7 сентябр — хатсайри N359/360 Хуҷанд — Волгоград, ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи чоршанбе аз Хуҷанд ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба роҳ мебарояд.

Сафар бо қатори роҳи оҳан аз Тоҷикистон то Русия ва баракс  ба ҳар тараф дуюним шабонарӯз ва дар умум 5 шабонарӯзро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, моҳи марти соли 2020 Русия ба сабаби коронавирус марзҳояшро баст ва мусофиркашониро бо аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла бо Тоҷикистон қатъ кард. Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо байни ду кишвар аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале азсаргирии ҳаракати қаторҳову автобусҳо қариб дувуним сол тӯл кашид.

Рӯзи 18 июл Ӯзбекистон эълон кард, ки ҳаракати автобусҳоро то Русия аз сар мегирад.

Мусофиркашонӣ бо нақлиёти заминӣ (бо автобусҳо ва бо роҳи оҳан) байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бавижа барои он муҳоҷирони корӣ, ки тавони молиявиашон заифтар буда, зӯрашон барои пардохти чандсад доллар барои чиптаи ҳавопаймо намерасад, муҳим аст.

Ин қишри муҳоҷирон акнун метавонанд худро бо харҷи камтар то Русия бирасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button