АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЯК ҚИСМИ СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ САРОНИ МИНТАҚА БА ТАВРИ ПӮШИДА СУРАТ ГИРИФТААСТ

Як қисми суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дар нишасти роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон ба шакли пӯшида сурат гирифтааст. Дар ин бора  пойгоҳи хабарии қирғизии Вести.КГ хабар дод. Ин нашрия гуфт, дар хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон сабаби махфӣ кардани як бахши суханронии Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ надоданд. Нишасти сарони минтақа дар Чолпон-Ата рӯзи 21 июл доир шуд.

Манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” мегӯянд,  бахши махфии суханронии Эмомалӣ Раҳмон асосан ба вазъи Афғонистон ва ҳаводиси ахири  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшиду шуда буд. Қарори маълум, Эмомалӣ Раҳмон тавонмандии ҳаракати тундрави Толибон барои раҳбарии Афғонистонро ҳамеша зери суол мебарад. Дар Бадахшон бошад моҳҳои май ва июни соли 2022 дар ҷараёни саркӯби мавҷи нави эътирозҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла чанд роҳбари ғайрирасмии ин минтақаи мухтори воқеъ дар Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 120 нафар, аз ҷумла бо иттиҳоми ҷудоиталабӣ дастгир шуданд.

Дар бахши бози суханрониаш дар Чолпон-Ата президенти Тоҷикистон ифротгароии мазҳабиро як таҳдиди умда барои кишварҳои Осиёи Миёна номид ва ҳамчунин хостори таваҷҷуҳи бештар ба рӯйдодҳои Афғонистон шуд ва гуфт, ки ончӣ ки дар Афғонистон мегузарад, ба вазъи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мустақиман таъсир мерасонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоташ, Эмомалӣ Раҳмон “таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзиро бахусус таъкид намуда, тамоюлҳои таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар минтақа ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ ба сифати таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният номид” ва ҳамчунин “бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа қайд кард”.

Ва аммо дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар баробари Туркманистон Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ бо мақсади рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21, як санади асосиеро, ки бояд дар Чолпон-Ата тасвиб мешуд, имзо накарданд. Зери ин санад танҳо президентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон имзо гузоштаанд.

Сомонаи президенти Қирғизистон гуфт, Тоҷикистону Туркманистон ин санадро баъди пушти сар кардани равандҳои дохилидавлатӣ дар кишварҳои худ имзо мекунанд.

Тибқи ин санад, кишварҳои минтақа уҳдадор мешаванд, ки ба якдигар барои рафъи таҳдидҳо ба истиқлолу якпорчагиашон кумаку пуштибонӣ зоҳир карда, дар сурати пеш омадани чунин таҳдидҳо  аз тариқи машваратҳои дуҷониба ва дар сатҳи минтақа ҷиҳати рафъи онҳо даст ба кор шаванд.  Ин шартнома ба кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи нирӯи ҳарбиро ба зидди ҳамдигар манъ карда, кишварҳо ҳамчунин уҳдадор мешаванд, ки ба паймону созмонҳои ҳарбӣ напайванданд. Вале суол ин аст, ки дар ин сурат оё Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон бо узвияти худ дар ОДКБ (Паймони амнияти дастаҷамъӣ) чӣ бояд кунанд?

Дар санад ҳамчунин гуфта шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ихтилофҳои байни онҳо бавуҷудомадаро бояд бо ҳусни эҳтиром ва ҳусни тафоҳум танҳо ва танҳо бо роҳҳои осоиштаи дипломатӣ ҳал кунанд ва даст ба истифодаи нирӯ набаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button