ВидеоТаърихФарҳанг

БИНОИ АСОСИИ ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ” ВАЙРОН КАРДА НАМЕШАВАД (ВИДЕО)

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 21 июли соли 2022 дар нишасти хабариаш гуфт, бинои асосии чойхонаи “Роҳат” ва ҳамчунин биноҳои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳоро дар кӯчаи асосии пойтахт, шаҳри Душанбе вайрон намекунанд.

“Дар паси чойхона иморати нави Вазорати адлияи Тоҷикистон сохта мешавад. Атрофи онро гулзор мекунанд. Чойхона мемонад. Танҳо биноҳои гирду атрофи он, ки ба чойхона часпидааст, вайрон карда мешавад. Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави Вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад ,” –  гуфтааст Зувайдзода.

Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамчунин хабар дод, ки  “дар бораи тахриби бинои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳо, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир шудаанд, супориш нашудааст. Аз ин рӯ онҳо  ҳам вайрон карда намешаванд”.

Зувайдзода гуфт, дар нақшаи барои ҷомиа ҳамчунон махфии Генплани Душанбе  тахриби ин биноҳо пешбинӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Генплан дар солҳои охир алакай як силсила биноҳои таърихии пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла биноҳои бозори “Баракат”, синагогаи яҳудиён, шаҳрдории Душанбе,  театри русии ба номи Маяковский ва ҳатто бинои Кохи президент, ки дар паҳлуи чойхонаи “Роҳат” ҷойгир шуда буд, ҳамчунин чандин биноҳои истиқомативу маъмурии дар асри гузашта дар кӯчаи марказии Душанбе бунёдшуда  вайрон карда шуданд.  Театри русии ба номи Маяковскийро ҳоло дар бинои кинотеатри “Тоҷикистон” ҷой кардаанд ва Русия барои бозсозии он кумак мекунад. Ба ҷои бозори “Баракат” дар кӯчаи Сурхоб баъдан бозори нави “Меҳргон” сохта шуд.

Аввали моҳи май мақомот ба тахриби биноҳои атрофи чойхонаи “Роҳат” сар карданд ва ин боиси нигаронии бахши аъзами сокинон, бахусус равшанфикрон дар мавриди сарнавишти ин бино шуд.

Чойхонаи “Роҳат” яке аз рамзҳои умдаи Душанбеи асри 20 ба шумор меравад ва бархе равшанфикрони тоҷик ба ин назаранд, ки мақомот ҳоло ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 осори бозмонда аз Душанбеи асри қаблиро бидуни тараҳҳум аз байн бурда истодаанд.

Вале Маҳмадсаид Зувайдзода гуфт, биноҳои атрофи чойхонаи “Роҳат” баъди солҳои 90 сохта шуда, арзиши фарҳангию таърихӣ надоранд.  Бисёре аз сокинон низ бар ин назаранд, ки ин биноҳои иловагӣ бар хилофи сабки меъмории “Роҳат” сохта шуда, дар бадани ин маҷтамаъ мисли “дарбеҳи ночаспон” менамуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button