ВидеоТоҷикистон

СЕРЖАНТИ ХУРД НАЗАРАЛӢ САРБОЗИ ҚАТОРӢ КЕНҶАЕВРО БАРОИ ЧӢ КУШТ?

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе сержанти хурди қисми ҳарбии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон (машҳур ба қисми низомии генерал Сӯҳроб Қосимов) Назаралии Шарифро бо ҷурми ҳангоми бонги хатари таълимӣ аз автомати Калашников ба чакка сараш тир андохтан ва куштани сарбози қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ин ҳукм ҳанӯз рӯзи 8 апрели соли 2022 содир шудааст, вале тафсилоти парванда ахиран нашр шуд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон   гуфт, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти хурд Назаралии Шариф, дар давраи адои хизмати ҳарбӣ даст ба содир кардани ҷинояти вазнини муқобили ҳаёт ва саломатӣ задааст.

 Чунончӣ, 6 январи соли 2022, соати 10:15, тибқи нақша, дар қисми ҳарбии 3502 бонги хатари таълимӣ дар намуди «Шикор-3» эълон гардид. Хизматчиёни ҳарбӣ, барои  санҷиши сатҳи омодабошии ҷангӣ ва тайёрии тактикӣ тибқи нақша дар постгоҳҳо мавқеъҳои ҷангӣ ишғол намуда, дар ҳандақҳо камин гирифтанд.

Аз рӯи тақсими вазифаҳо ва мавқеъгирӣ дар хандақҳо хизматчиёни ҳарбӣ қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. ва дигар сарбозон бо роҳбарии сержанти хурд Назаралии Шариф дар канори чапи даромадгоҳи қисми ҳарбӣ дар хандақҳо мавқеъ гирифтанд.

Соати 10:30 бонги хатари таълимӣ ба анҷом расид ва ба сарбозону афсарон амр шуд, ки ба қисми низомӣ баргарданд. Вале, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонии кул, “сержанти хурд Назаралии Шариф ин супоришро иҷро накарда, аз xандақи ишғолнамудааш баромада, ба назди аскари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. рафтааст. Кенҷаев Ҷ.Ш. мили силоҳи хизматии худ, пулемёти тамғаи Калашниковро, ки дар он тирдон пайваст карда нашуда, тир надошт, ба тарафи Назаралӣ гардонда, шӯхиомез гуфтааст, ки ӯро мепарронад ва механизми зарбасардиҳанда (курок)-ро пахш намуда, мили силоҳашро поён фароварда, рӯ ба рӯи Назаралӣ истодааст”.

Назари худи Назаралӣ дастрас нест, вале давоми моҷаро дар нақли додситонӣ мисли филмҳои Ҳолливуд аст: Сержанти хурд, тахминан дар масофаи 5-6 метр дуртар аз сарбози қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. қарор дошт, аз ин рафтори Кенҷаев ба ғазаб омада, бар хилофи бандҳои 11-12 Оинномаи хизматии дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон амал намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани охирин аз дохили сумкааш тирдонро, ки дар дохилаш 30 дона тир ҷой карда шуда буд, бароварда ба силоҳи хизматии ба ӯ вобасташудаи тамғаи АКМ Калашников пайваст намуда, қуланги онро кашида, ба тирпаронӣ омода кардааст.

Сипас ӯ мили силоҳашро ба тарафи афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. рост карда, номбурдаро ба нишон гирифта, бо мақсади паронидан муҳофизакро кушода, механизми зарбасардиҳанда (курок)-ро пахш намудааст. Вале новобаста аз иродаи ӯ бино бар сабаби пурра пайваст нагардидани тирдон ба силоҳ аз он тир паронида нашудааст. Назаралии Шариф ин ҳолатро пурра дарк карда, кирдори қасдонаашро идома дода, бо мақсади ба анҷом расонидани қасди пешгирифтааш, тирдони пур аз тирро дубора аз нав ба силоҳ дуруст пайваст карда, минбаъд ӯ дарҳол силоҳашро ба ҳолати омодабошӣ оварда, муҳофизакро кушода, аз нав қулангро кашида, тирро ба мили силоҳ ҷой кардааст.   

Баъдан, бо мақсади парронда куштани афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. мили силоҳро ба ҷониби узви ҳаётан муҳими номбурда – сараш рост карда, ба нишон гирифта, механизми зарбасардиҳандаро пахш намуда, як тири нишонрас паррондааст, ки он ба қисми рости чаккаи сари аскари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. расидааст.

Дар натиҷа Кенҷаев захми вазнини барои ҳаёт ва саломатӣ хафвнок бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ҳар сол дар бораи аз дасти ҳамхидматонашон кушта шудани  чандин сарбози тоҷик дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хабарҳо нашр мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button