ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРЯМ 10 СОЛ ДОШТ, МУНАВВАРА – 12. МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУ ХОҲАР ДАР КАНОРИ БОҒИ АЙНӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13 июли соли 2022 наҷотбахшони раёсати шаҳри Душанбе дар ҷараёни чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз канали дериватсионии воқеъ даар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷасади як  духтари 10-соларо берун оварданд.

Бино ба иттилои кумита, ин духтар рӯзи 2 июли соли 2022 ҳамроҳи хоҳари 12–солаашр ҳангоми гузаштан аз канал ба об афтоданд ва ҳарду ғарқ шуданд. Ҷасади хоҳари калонии ӯро худи ҳамон рӯз пайдо карда буданд, вале ҷустуҷӯи хоҳари хурдӣ 11 рӯз тӯл кашид.

Қаблан Хуршед Ҳамроев, сокини шаҳри Душанбе, аз мақомот хоста буд,  ки барои пайдо кардани ҷасади духтараш оби обанбори канори Боғи Айниро чанд соат хушк кунанд. Ду духтари хурдсоли ӯ — Мунаввараи 12-сола ва Марями 10-сола — дар аввали моҳи июл дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, “онҳо ба сабаби набудани панҷара ба канали обрез даромадаанд.” Дар гузашта атрофи онро бо панҷара печонида буданд.

Бо мадади маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади якеашро ёфтем. Мавҷи об тез аст, сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд,” – гуфта буд Хуршед Ҳамроев рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ.

Хуршед Ҳамроев дертар хабар дод, ки баъди қариб ду ҳафтаи ҷустуҷӯ ва саргардонӣ, рӯзи 13-уми июл ҷасади духтари дувоздаҳсолаашро ҳам билохира ёфтанд.

Обанбори канори Боғи Айнӣ дар шимоли пойтахти Тоҷикистон як ҷузъи шабакаи обрасонии шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Атрофи он дар гузашта бо сим печонида, маҳкам карда шуда буд. Вале ҳоло бисёре аз қисматҳои атрофи обанбор боз шудааст ва одамон, аз ҷумла кӯдакон, метавонанд озодона то лаби об бираванд.  Коре, ки тақрибан ду ҳафта пеш Маряму Мунаввара карданд ва худ ба сӯи марги худ рафтанд.

Бино ба ҳисобҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон алакай ҳудуди 80 нафар, аз ҷумла тақрибан 40 ноболиғ ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button