ВидеоҶомеа

ДАР МАЪРАКАИ ТАҚСИМИ 7 “АЙФОН”-И БЕПУЛ ДАР ДУШАНБЕ 6 ҲАЗОР НАФАР ҶАМЪ ШУД (ВИДЕО)

Рӯзи 12 июли соли 2022 дар маркази савдои “Сиёма Молл” дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мулоқоти блогери шинохтаи озаритабори Русия Субҳон Мамедов (subo_m) бо мухлисонаш доир шуд. Мамедов барои 7 нафар аз онҳое, ки ба ин мулоқот омаданд, бепул тақдим кардани телефонҳои “Айфон” –ро ваъда дода буд. Дар натиҷа, шанси мулоқот бо блогери шинохта ва ҳамзамон бурдани “Айфон” дар “Сиёма Молл” беш аз 6 ҳазор нафарро ҷамъ овард.

Дар видеое, ки худи блогер дар Инстаграм-сториз нашр карду сипас дар паҳнои Интернет паҳн шуд, дида мешавад, ки бо вуҷуди ҳавои хеле гарм, дар “Сиёма Молл” издиҳоми бузурге, асосан ҷавонон ва наврасон, ҷамъ шудаанд ва ҳар кадоми онҳо талош дорад, ки худро ба ситораи Инстаграм барои дарёфти “Айфон” ҳарчӣ наздиктар кунад. Барои таъмини тартибот шумори зиёди кормандони милитсия низ сафарбар шуда буд, вале онҳо хеле бо сахтӣ оромию тартиботро нигоҳ медоштанд.

Худи Субҳон Мамедов дар ҷараёни нашри видео навишт, ки масъулони чорабинӣ чанд дафъа аз вай хостаанд, ки мулоқотро зудтар ҷамъбаст кунад, чунки аҳволи чанд нафар аз сабаби фишори издиҳом ва гармои шадид бад шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна Субҳон Мамедов яке аз мухлисони сахти худро аз байни издиҳом берун мекашад ва бо ӯ оғӯш ба оғӯш салому алейк карда, телефон тақдимаш мекунад. Мамедов баъди ин чанд дафъа аз кормандони милитсия хоҳишу илтиҷо мекунад, ки ин мухлисашро нарасанд ва ба ҳоли худаш бигузоранд.

Ҳамин тавр, дар видео наврасеро мебинем, ки қариб зери пои издиҳом мемонд ва  Субҳон Мамедов ва муҳофизонаш ӯро аз даруни издиҳом берун кашида, амалан аз хатари зери пой мондан наҷот доданд. Дида мешавад, ки ин наврас нафақат аз инки акнун дар рӯи саҳна дар паҳлуи блогери маъруф истодааст, хурсанд аст, балки ба хурсандии ӯ тақдими “Айфон” хурсандии бештаре зам кардааст.

Ҳамин тавр, як муҳофизи “Сиёма Молл” ҳам сабт шудааст, ки издиҳом куртаашро дар танаш титу пит кард ва худаш ҳакаскунон бо як азобе аз даруни издиҳом берун омад.

Дар умум, дар рафти ин мулоқот Субҳон Мамедов 7 телефони “Айфон” тақдим кардааст.

Аммо боздиди Субҳон Мамедов аз Душанбе танҳо бо мулоқот бо мухлисону тақдими 7 “Айфон” хулоса нашудааст. Рӯзи 12 июл ӯ ҳамчунин дар истироҳатгоҳи Rasuloff-10  дар дараи Варзоб дам гирифта, дар тамрини дастаи футболи “Истиқлол” дар пойгоҳи ин даста дар дараи Алмосӣ дар Ҳисор низ иштирок кард.

“Блогнавис ва навозандаи маъруф ва  собиқ футболбоз Субҳон Мамадов, ки дирӯз (11 июл) ба  Тоҷикистон омад, аз тамрингоҳи “Истиқлол”  дар дараи “Алмосӣ” боздид ва якҷоя бо футболбозони “Истиқлол” машқварзӣ кард.  Бозигарон ва ҳайати мураббиёни даста меҳмони номдорро самимона истиқбол гирифта, ба ӯ пироҳани махсус бо рақами 86-ро ба нишони эҳтиром ҳадя намуданд”,   хабар дод “Варзиш ТВ”..

Субҳон Мамедов  дар шаҳри Маскав дар оилаи зодагони Озарбойҷон ба дунё омада, дар давраи наврасиаш футбол бозӣ мекард ва ҳатто ба дастаи футболи “Бауманка” пазируфта шуда буд.

Субҳон Мамедов баъди нашри пранкҳои видеоӣ бо дӯсташ Михаил Литвин дар Инстаграм шуҳрат ёфт. Ӯ аз пранкҳои оддӣ сар кард, вале ҳоло дар кӯчаҳои Маскав ба мардуми раҳгузар телефонҳои “Айфон” ва гоҳо ҳатто мошинҳои қиматбаҳо туҳфа мекунад.

Субҳон Мамедов вақтҳои охир ба мусиқӣ низ рӯ овардааст ва чандин тарона, аз ҷумла бо ситораҳои эстрадаи Русия, сабт ва нашр кардааст.

Субҳон Мамедов ҳоло дар Инстаграм 9,6 миллион обуначӣ ва дар Ютуб қариб 1,2 миллион обуначӣ дорад.

https://youtube.com/shorts/BT0balxsiyc

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button