ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

20 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАН БАРОИ КУШТАНИ КӮДАКИ ЧОРСОЛААШ

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ аз 22 июни соли 2022 Бурҳонова Х.А., сокини кӯчаи Б.Ғафурови ҷамоати М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринавро бар асоси  ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ: 104, қисми 2, банди “в” (қатли бераҳмонаи кӯдаки хурдсол) ва 117, қисми 2, банди “в” (азобу уқубат) гунаҳкор шинохта, ба 20 соли маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  дар шарҳи ин парванда гуфт, Бурҳонова дар қатли духтарчаи чорсолаи худаш Амина Бурҳонова гунаҳкор шинохта шуд.

Бурҳонова Х.А., зодаи шаҳри Ҳисор, соли 2017 ба сокини ноҳияи Шаҳринав Мирзо Ҷӯраев издивоҷ карда буд. Аз зиндагии муштаракашон онҳо соҳиби як фарзанд Бурҳонова Амина Мирзоевна гардида, дар ноҳияи Шаҳринав зиндагонӣ мекарданд.

Назари худи маҳкумшуда ба ҳукмаш дастрас нест, вале додситонӣ мегӯяд, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии  додгоҳӣ муайян карда шудааст, ки “Бурҳонова Х.А., нисбати фарзандаш Бурҳонова Аминаи чорсола, ки аз ҷиҳати моддӣ ба ӯ вобастагӣ дошт, мунтазам дағалона рафтор карда, бо сабабҳои гиря кардан ё чиркин кардани либосҳо ӯро доимо латту кӯб карда, ба хонаи волидони худ ба шаҳри Ҳисор, кӯчаи Парии Ҳисорӣ мерафтааст”.

Ҳамин тавр, рӯзи 22 феврали соли 2022, тахминан соати 10, Бурҳонова Х.А. аз рафтори Аминаи хурдсол боз ба ғазаб омада, “ҳангоми иваз намудани либосҳои ӯ дидаю дониста, ки номбурда аз ҷиҳати ҷисмонӣ қувваи муқобилият карданро ба ӯ надорад, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани охирон бо истифода аз болопӯши кӯдакона даҳону бинии ӯро фишурда, пахш намуда, роҳҳои нафасгириашро маҳкам мекунад, ки дар натиҷа Аминаи чорсола дар ҷойи ҳодиса вафот мекунад”.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон чанд ҳолати фарзандкушӣ сабт шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button