ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ЖУРНАЛИСТИ МУНТАҚИД АБДУСАТТОР ПИРМУҲАММАДЗОДАРО НИЗ ДАСТГИР КАРДААНД

Кормандони УБОП шаҳри Ваҳдат, ки бо таъқиби журналистон ва дигарандешон ном баровардааст, рӯзи 9 июл, дар рӯзи иди Қурбон, журналисти мунтақид Абдусаттор  Пирмуҳаммадзодаро ҳам дастгир кардаанд. Наздикони хабарнигор ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки хабарнигори собиқи радиои “Садои Душанбе”–ро рӯзи 9 июл бо ваъдаи баргардондани телефони қаблан аз ҷониби кормандони УБОП гирифташудааш даъват карда, дигар бо ҳамин ҷавоб надодаанд. Наздикони Пирмуҳаммадзода гуфтаанд, дар бораи дар куҷо буданаш чизе намедонанд.

Маъмурони УБОП шаҳри Ваҳдат рӯзи 7-уми июл Пирмуҳаммадзодаро “чанд соат” бозпурсӣ ва сипас хонаашро кофтукобу телефонашро мусодира кардаанд. Ба ӯ ҳамчунин гуфтаанд, ки ин охирин ҳушдор барояш аст ва аз ин ба баъд дар бораи масоили доғ чизе нанависад ва чизе нагӯяд. Ба Пирмуҳаммадзода дар УБОП машварат додаанд, ки фақат дар бораи масоили таъриъ ва сайёҳӣ бинависад, на бештар аз он.

Рӯзи 8 июл, вақте ки хабарнигорони Озодӣ ба суроғаш омаданд, Пирмуҳаммадзода аз суҳбат бо онҳо худдорӣ кард ва гуфт, забонхат додааст, ки бо хабарнигорон суҳбат накунад. Вале яке аз наздикони Пирмуҳаммадзода ба Озодӣ нақл кардааст, ки бо ин вуҷуд,  “шаби 8-уми июл, пас аз нашри хабари бозпурсияш, ӯро боз даъват карданд. Гуфтаанд, чаро забонхат додӣ ва чаро бо Радиои Озодӣ суҳбат кардӣ? Ӯ гуфтааст, суҳбат накардам. Ҷавоб доданд…”

Вале афзудааст ҳамсуҳбати Озодӣ, субҳи 9-уми июл дигарбора барои суҳбат даъват карда, то ҳанӯз ҷавоб надодаанд. “Гуфтаанд, биё, телефонатро медиҳем. Рафт, бо ҳамин дигар барнагашт. Ҳоло касе ба мо чизе намегӯяд, ки ӯ дар куҷост? Намояндагони мақомот ҳам худро муаррифӣ накарданд, кӣ ҳастанд,” – гуфтааст яке аз шахсони наздик ба Пирмуҳаммадзода, ки нахостааст номаш бурда шавад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки солҳои қабл дар радиои “Садои Душанбе” кор мекард ва баъди тарки пешаи хабарнигорӣ таксиронӣ мекард, моҳи ноябри соли 2021 дар пайи нашри як видеояш дар Рӯзи Президент машҳур шуд. Ӯро, ки дар ин видео дар бораи мушкилоти доғи Тоҷикистон, аз ҷумла пиромуни фишори мақомот ба таксиронҳо суҳбат мекард, баъди нашри муроҷиаташ ба мақомот даъват карданд, вале баъди “суҳбати дӯстона” ҷавоб доданд.

Аз он вақт ба баъд видеоҳои Пирмуҳаммадзода дар Интернет тамошобини зиёд ҷамъ меовард, вале баҳори соли 2022 ӯ  каналашро дар Ютуб баст ва гуфт, дигар видео намекунад. Пирмуҳаммадзода дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ӯро дар сангари ҳукумат “хоин” меноманд ва дар сангари мухолифин, баракс, “бузи мақомот”.

Аммо моҳи июн, дар пайи шабси журналистону блогерҳои маъруф Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, Пирмуҳаммадзода ба ҳимоят аз онҳо чанд видеои дигар нашр кард.

Ӯ ва журналисти собиқи ТВ Тоҷикистон Завқибек Саидаминӣ шикоят доштанд, ки баъди ҳимояташон аз хабарнигорони дастгиршуда аз троллҳои “фермаи ҷавоб” таҳдид гирифтаанд, ки акнун навбати ҳабси онҳост. Завқибек Саидаминӣ низ шоми 8 июл, дар арафаи иди Қурбон, аз ҷониби ҳамин кормандони УБОП шаҳри Ваҳдат боздошт шуд.

Ёдовар мешавем, дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон алакай дастикам 7 журналисту блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ,  Абдусаттор ПИрмуҳаммадзода, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям ва Улфатхоним Мамадшоева боздошт гардиданд.  Дастикам ду хабарнигори дигар Эмомалӣ  Сайидзод ва Рамзия Мирзобекова таҳти бозпурсӣ қарор гирифта, телефонҳо ва василаҳои дигари онҳоро мақомот барои тафтиш мусодира карданд.

Ҳамин тавр, моҳи май шахсони номаълум ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” баъди мусоҳибаҳои онҳо бо Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе ҳамла оварда, телефонҳо ва дастгоҳҳои сабти онҳоро кашида гирифтанд. Бо гузашти қариб ду моҳ мақомот то ҳол кӣ будани ин ҳамлагаронро, ки дар рӯзи рӯшан дар пойтахти Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳамла оварда, васоили онҳоро кашида гирифтанд, ошкор накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button