ВидеоИлму фанноварӣМинтақа ва ҷаҳон

САЙЁҲОН ЛАҲЗАИ НОДИРИ ФУРӮ РЕХТАНИ ПИРЯХРО БА НАВОР ГИРИФТАНД (3 ВИДЕО)

Дар кӯҳистони Иссиқкӯл, дар ағбаи Ҷӯкӯҳ дар қаторкӯҳи Ала-Тоо як пирях фурӯ рехтааст, Дар ин бора рӯзи 10 июли соли 2022 хабаргузории қирғизии АКИ-Пресс хабар дод. Ин тарма аз пиряъ рӯзи 8 июл фурӯ рехтааст. Лаҳзаи фурӯрезии тармаро сайёҳони хориҷӣ тавонистаанд сабт  кунанд. Гарри Шиммин ба АКИpress гуфт, пирях замоне фурӯ рехт, ки гуруҳи сайёҳон аз ағбаи Ҷӯкӯҳ (Ҷууку) убур мекарданд. Онҳо бо амри тасодуф  наҷот ёфтанд: Сайёҳон ҳамагӣ 5 дақиқа қабл аз рехтани тарма он минтақаеро, ки сипас зери бори пиряхи фурӯрехта монд, гузаштанд.

 Профессори кафедраи экология ва туризми Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи Арабаев Ғайрат Молдошев бар ин аст, ки фурӯрезии пиряхҳо асароти гармшавии иқлим аст. Ӯ мегӯяд , бояд маҳалли фурӯрезии пиряхро зери назорат бигиранд, чунки қисмати фурӯрехтаи пирях метавонад об шуда, сабаби сел шавад.

Дараи Ҷӯкӯҳ яке аз зеботарин маконҳои минтақаи Иссиқкӯл ба шумор меравад. Бисёре аз пайроҳаҳои сайёҳии Иссиқкӯл аз ағбаи Ҷӯкӯҳ мегузаранд,

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button