ВидеоМуҳоҷирон

ПАДАРИ ҒАМЗАДА БАРОИ АЗ ҚАЗОҚИСТОН ОВАРДАНИ ҶАНОЗАИ ПИСАРАШ КУМАК МЕХОҲАД

Қодиралӣ Ҳасанов, сокини 70-солаи деҳаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати Заргари ноҳияи Қубодиён тавассути пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон, ҷамъиятҳои тоҷикони Қазоқистон ва соҳибкорони тоҷики муқими он кишвар муроҷиат карда, барои овардани ҷанозаи фарзандаш  Ҳасанзода Ваҳҳобҷон, санаи таваллудаш 13 августи соли 1979 кумак хост. Писари ӯ дар рӯзи иди Қурбон дар шаҳри Алма-Ато дар бемористон ба иллати беморӣ ҷон додааст.

Бобои Қодиралӣ мегӯяд, ба далели синни пирӣ ва дасти кӯтоҳаш имкони рафтану овардани ҷанозаи фарзандашро надорад.

Ваҳҳобҷон, ки моҳи августи соли ҷорӣ, агар умр вафояш мекард, ба синни 43 мерасид, баҳори соли ҷорӣ барои мардикорӣ ба шаҳри Алма-Ато рафта буд, вале дар муҳоҷират саломатиашро аз даст ва чанд муддат боз дар беморхона қарор дошт.

Бобои Қодиралӣ мегӯяд: “Вақте дар беморхона буд, корфармои қазоқаш занг зада, хабар дод, ки аҳволаш бад шудааст. Мехостем биёремаш, вале табибон иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки саломатиаш беҳтар шавад, баъд метавонед бибаред. Вале аз қазо рӯзи ид вафот кард. Ростӣ, зиндагии хеле фақирона дорам, зӯрам барои рафтану оварданаш намерасад…”

Падари ғамзада мегӯяд, аз замони хатми мактаб, дигар ҳама зиндагии писараш Ваҳҳобҷон дар мулки мусофират дар мардикориҳо гузашт ва бо вуҷуди онки ба синни 43 мерасад, ӯ то ҳол ҳатто издивоҷ накарда буд.

Бобои Қодиралӣ хоҳиш дорад, ки барои овардани ҷанозаи фарзандаш ба ӯ кумак кунанд.

Телефони ин падари ғамзада барои тамос:

+992 915 05 77 03

+992 919 61 39 44

Илова: Вақте ки ин хабар барои чоп омода мешуд, бобои Қодиралӣ хабар дод, ки аз ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ба ӯ занг зада, рақами телефони корфармои қазоқи Ваҳҳобҷонро пурсидаанд ва гуфтаанд, ки онҳо намегузоранд, ки ягон мурдаи тоҷик дар рӯи роҳ бимонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button