ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ИҚДОМИ ҶАВОБӢ: ТОҶИКИСТОН НИЗ 11 СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ОЗОД КАРД

ИҚДОМИ ҶАВОБӢ: ТОҶИКИСТОН НИЗ 11 СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ОЗОД КАРД

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба раҳоии 11 тоҷикистонӣ аз маҳбасҳои Қирғизистон 11 сокини дастгиршудаи Қирғизистонро озод кардаанд.  Айдарбек Ҳайдаров, ки аз 24 октябри соли 2021 дар боздоштгоҳи Хуҷанд қарор дошт, гуфтааст,  мақомоти тоҷик ӯ ва боз 10 шаҳрванди дигари Қирғизистонро дар арафаи иди Қурбон ба мақомоти қирғиз супурданд. Аз ин қабл, рӯзи 3 июн додгоҳи ноҳияи Лайлак 11 тоҷикистонии дар Қирғизистон дастгиршударо озод карда буд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бахусус аз поёни моҳи апрели соли 2021 ба ин тараф даврони сахтеро паси сар мекунанд. Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра бастааст. Дар 14 моҳи охир дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи ин ду кишвар ҳудуди 60 нафар кушта ва тақрибан 270 тани дигар захмӣ шуданд.

Айдарбек Ҳайдаров  рӯзи 10 июли соли 2022 ба Радио Азаттык (бахши қирғизии Радиои Озодӣ)  гуфтааст, ки аз 24 октябри соли 2021 дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон қарор дошт. Дар арафаи иди Қурбон ӯ ва боз 10 қирғизистонии дигареро, ки низ дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доштанд, ба мақомоти Қирғизистон супурдаанд.

Ин маълумотро ҳанӯз мақомоти расмии ду кишвар шарҳ надодаанд, вале Умарбой Ҳайдаров, падари Айдарбек ҳам  раҳоии писарашро тасдиқ карда, гуфтааст, ки озодшудаҳо худро хуб ҳис мекунанд.  “Онҳоро дар назди гузаргоҳи Қизил-Бели вилояти Бодканд ба ҷониби Қирғизистон супурданд. Дар маҷмӯъ, 11 нафарро озод карданд. Азбаски намояндагони мақомоти қудратӣ гуфтанд, ки худашон онҳоро меоранд, мо ба онҷо нарафтем” – гуфтааст Ҳайдарови калонӣ.

Умарбой Ҳайдаров нақл кард, ки 6 нафари озодшударо ба шуъбаи милитсияи деҳаи Ҷонӣ-Ҷари ноҳияи Лайлак оварда, 4 тани дигарро ба Бишкек будаанд. Онҳо аз ҷумла афродеанд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар вақтҳои гуногун бо иттиҳоми убури ғайрирқонунии марз дастгир шуда буданд.

Қаблан намояндаи президент, яъне волии вилояти Бодканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев гуфт буд, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди табодули шаҳрвандони дастгиршудаашон вориди музокирот шудаанд.

Дар натиҷа, рӯзи 3 июни соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Лайлак 11 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуда буданд, ҳар кадомро 50 ҳазор сом ҷарима баста, озод кард. Ин сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов дар як анбори ангишт дар шаҳри Раззоқов (собиқ Исфана) кор мекарданд.

Моҳи апрел додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 13 шаҳрванди қирғиз адои ҳукм мекунанд ва аз ҷумла ду нафари онҳо ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанж. Моҳи феврал як вакили парлумони Қирғизистон хабар дод, ки тайи соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи шумораи шаҳрвандони дар Қирғизистон боздошт ё маҳкумшудааш омори дақиқе то ҳол нашр накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button