ВидеоМуҳоҷирон

ДЕПОРТАТСИЯИ БОЗ 9 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГАИ РУСИЯ

Приставҳои вилояти Калугаи Русия дар аввали моҳи июл 9 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 5 муҳоҷир аз Тоҷикистон ва 4 муҳоҷири ӯзбекро аз Русия берун карданд.

Артём Залогин, сухангӯи  раёсати приставҳои вилояти Калугаи Русия   хабаргузории РЕГНУМ гуфт,

Ин 9 муҳоҷир бар асоси қарорҳои додгоҳҳо ба сабаби вайрон кардан қоидаҳои муҳоҷират ва бидуни патент машғул шудан ба фаъолияти корӣ маҳкум ба ихроҷ шуда буданд. Ӯ афзуд, ин муҳоҷирон баъди судури ҳукми ихроҷашон то замони ихроҷ дар боздоштгоҳҳои махсус нигоҳ дошта мешуданд.

 “Приставҳо ин 9 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро  ба яке аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав бурда, аз онҷо ба ҳавопаймоҳои роҳии кишварҳои зодгоҳашон савор карданд. Ҳар кадоми онҳоро барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд” — гуфт Артём Залогин.

Раёсати приставҳои вилояти Калугаи Русия моҳи июн хабар дода буд, ки тайи даҳаи аввали моҳи июн танҳо аз ин вилояти Русия 19 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро маҷбуран берун, ё ихроҷ кардаанд.  Гуфта мешуд, приставҳо ин 19 муҳоҷирро дар ду навбат ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав бурда, аз онҷо ба ҳавопаймоҳои роҳии кишварҳои зодгоҳҳояшон савор кардаанд. Аз ин 19 нафар 11 нафараш зодагони Тоҷикистон, 5 тан аз Ӯзбекистон ва 3 нафари боқимонда аз Қирғизистон будаанд. Раёсати приставҳои вилояти Калуга гуфт, ҳамаи  ин 19 муҳоҷирро барои 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум кардаанд.

Губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша  бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Ӯ рӯзи 11 феврали соли 2022 дар пайи боздид аз Маркази ягонаи муҳоҷирон аз он изҳори хашм кард, ки дар инҷо ба муҳоҷироне, ки ба забони русӣ ягон калима намедонанд, патент медиҳанд. Баъди боздид аз Маркази муҳоҷирон Шапша фармон баровард, ки муҳоҷиронро дигар дар соҳаҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор нагиранд. Губернатори Калуга ҳамчунин эълон кард, ки вилояти Калуга аз барномаи “Переселение” мебарояд. “Ин  тасмим зодагони Осиёи Марказиро аз имконияти бо роҳи осон ба даст овардани шаҳрвандӣ маҳрум хоҳад кард”, – таъкид кард Шапша.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон аз Русия табиати оммавӣ дошт ва як муддат шумори шаҳрвандони аз Русия ихроҷшуда ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда танҳо дар Тоҷикистон аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ихроҷи муҳоҷирон аз Русия камтар шуд, вале то ҳол давом дорад.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли 2021 мақомоти Русия 270 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро афв карда, ба вуруди дубораи онҳо иҷозат доданд. 120 ҳазор нафари афвшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин моҳи майи соли 2022 Русия ба ҳудуди 47 ҳазор шаҳрванди мамнӯъулвуруди Қирғизистон низ иҷозати убури марзҳояшро дод. Онҳое мавриди афв қарор гирифтанд, ки барои ягон қонуншикании хурд ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтода буданд. Ин афв онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, фаро намегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button