ВидеоИлму фанноварӣҶомеа

С.ИСТАРАВШАНӢ: ФАТҲӢ ФАТҲИЕВ ДУНЁРО МИСЛИ СОДИҚ ҲИДОЯТ ВА КОМЮ ПӮЧ МЕДОНИСТ ВА ХАБАРИ МАРГАШ ДУР АЗ ИНТИЗОР НАБУД…

Хабари пойгоҳи хабарии “Бомдод” пиромуни марги Фатҳӣ Фатҳиев, як ҷавони 25-сола аз деҳаи Рукнободи ҷамоати Ворӯи Панҷакент ва донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки ҷасади ба дор овехтаашро ахиран аз як ҷангалзор дар канори шаҳри Маскав пайдо карда, рӯзи 3 июл ба зодгоҳаш оварда, ба хок супурданд,  вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Аз ҷумла Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманд ва фаъоли тоҷики муқими Эрон навиштааст, ки бо марҳум чандин сол боз тавассути Интернет мукотиба дошт.

“Хабари даргузашти Фатҳӣ Фаҳтиев – он ҳам ба ин сурат, ки худашро ба дор овехта будааст – росташ, бароям чандон дур аз интизор набуд. Зеро боварам ин буд, ки ин ҷавон рӯзе худашро ба куштан медиҳад”, навиштааст Сайидюнуси Истаравшанӣ.

Бе муболиға, Фатҳӣ аз наводири рӯзгор буд. Амсоли вай агар нагӯем нестанд, лоақал метавон гуфт, дар байни башар ангуштшуморанд; бисёр ангуштшуморанд. Ҳушу зеҳне, ки аз он бархӯрдор буд, на ин ки камназир, балки беназир буд. Се чаҳор сол, ки бо ӯ тамос доштам – аз тариқи ҳамин фазои маҷозӣ, яъне Фейсбук – суолҳое, ки мепурсид, масоиле, ки ба миён мегузошт ва матраҳ мекард ва дағдағаҳое, ки дар зеҳн дошт, ҳама нишон медоданд, ки ӯ нодир аст, мисли вай дар миёни инсонҳо на ин ки кам, балки бовар кунед, нестанд, менависад муаллиф.

Сайидюнуси Истаравшанӣ меафзояд, ки Фатҳӣ Фатҳиев бо ӯву бародараш Маҳмудхон Бурҳонов бештар пиромуни масоили фалсафӣ суҳбат мекард.

“Оё боваратон мешавад, ки Фатҳӣ – Худо раҳматаш кунад! – ворид ба фанни фалсафа буд, на фақат донандаи фалсафа, ки ворид ба он буд. Ӯ фалсафаро ҳазм карда буд ва бештар фалсафаи Ғарбро. Аз фалсафаи Афлотун бигир то экзистенсиализм, ба онҳо огоҳ буд. Хеле аҳли мутолеа буд. Ба равоншиносӣ ҳам, на танҳо алоқа, ки аслан ворид буд. Аз охирин мақолоти навишташуда дар арсаи равоншиносӣ мутталеъ буд. Ӯ ҳар вақт ки мақолаи ҷадиде дар заминаи фалсафа ва ё равоншиносӣ навишта бишавад, бароям ирсол мекард.

Танҳо ишколе, ки дошт ва дар ӯ медидам, ин буд, ки ӯ дунёро ҳечу пуч медонист. Бовар дошт, дунё пуч аст ва саодати инсон дар ин аст, ки бояд кушта шавад, мисли Комю ва Содиқ Ҳидоят. Зоҳиран, вай ба фалсафаи пучгароӣ гароида буд.

Ӯ дар робита бо вуҷуди Худо мӯътақид буд, ки на метавон гуфт,ӯ ҳаст ва на метавон бо қотеият гуфт, ӯ нест. Ӯ мӯътақид буд, одам беҳтар аст, ки як каме дар ин масъала мутавозеъ бошад.

Вақте шунидам, ӯ даргузашта, бисёр таассуф хӯрдам; таассуф хӯрдам, ки чунин ҷавони хушзеҳне дунёро тарк гуфтааст. Худо раҳматаш кунад! Ӯ ҳамеша дар ёду хотирам хоҳад монд, барояш дуо мекунам”, навиштааст Истаравшанӣ.

ҶАСАДИ ЯК ҶАВОН АЗ РУКНОБОДРО ДАР ҶАНГАЛЗОРИ РУСИЯ ПАЙДО КАРДАНД…

Рӯзи 3 июли соли 2022 дар деҳаи Рукнобод (собиқ Шӯрча)-и ҷамоати Ворӯ дар канори шаҳри Панҷакент донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Фатҳӣ Фатҳиевро ба хок месупоранд. Ҷанозаи ин ҷавони соли таваллудаш 1997-ро субҳи 3 июл бо парвози Маскав – Хуҷанд барои гӯручӯб ба Тоҷикистон оварданд.

Наздикони Фатҳӣ Фатҳиев ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки ӯ дар соли сеюми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард ва ҳамагӣ як моҳ пеш, баъди анҷоми дарсҳову имтиҳонҳои имсола ба Русия, ба назди акои муҳоҷираш рафт, то ки пули соли ояндаи таҳсилашро кор кунад.

Фатҳӣ Фатҳиев, ба гуфтаи наздиконаш, худаш бо қувваи худаш мустақилона ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда буд ва дар вақти таътилаш коркунӣ мерафт, ки таҳсилаш бори гардани касе нашавад.

Наздиконаш мегӯянд, Фатҳӣ Фатҳиев дар поёни моҳи июн ба таври ногаҳон ғайб зад ва танҳо баъди чор шабонарӯзи ҷустуҷӯҳо ҷасади дар як дарахт ба дор овехтаи ин ҷавони тоҷикро аз ҷангалзоре дар вилояти Маскав пайдо кардаанд. Маълум нест, ки ӯ худкушӣ кардааст ваё ӯро куштаанду ҷасадашро ба дарахт овехтаанд?

Ҷанозаи Фатҳиро бародари ғамзадааш ба Ватан овард.

Сокинони Рукнобод мегӯянд, танҳо аз аввали соли ҷорӣ Фатҳӣ Фатҳиев алакай дуюмин зодаи ин деҳа аст, ки ҷасади ҳалқовезашонро дар Русия пайдо мекунанд. Соли гузашта низ як табиб аз ин деҳа дар Маскав худро ба дор овехта, худкушӣ карда буд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аксаран дар синни ҷавон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират дар Русия ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Худованд равони ҳамаи муҳоҷирбачаҳои тоҷики шаҳидшударо шод гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button