ВидеоМуҳоҷирон

ҶАСАДИ ЯК ҶАВОН АЗ РУКНОБОДРО ДАР ҶАНГАЛЗОРИ РУСИЯ ПАЙДО КАРДАНД…

Рӯзи 3 июли соли 2022 дар деҳаи Рукнобод (собиқ Шӯрча)-и ҷамоати Ворӯ дар канори шаҳри Панҷакент донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Фатҳӣ Фатҳиевро ба хок месупоранд. Ҷанозаи ин ҷавони соли таваллудаш 1997-ро субҳи 3 июл бо парвози Маскав – Хуҷанд барои гӯручӯб ба Тоҷикистон оварданд.

Наздикони Фатҳӣ Фатҳиев ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки ӯ дар соли сеюми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард ва ҳамагӣ як моҳ пеш, баъди анҷоми дарсҳову имтиҳонҳои имсола ба Русия, ба назди акои муҳоҷираш рафт, то ки пули соли ояндаи таҳсилашро кор кунад.

Фатҳӣ Фатҳиев, ба гуфтаи наздиконаш, худаш бо қувваи худаш мустақилона ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда буд ва дар вақти таътилаш коркунӣ мерафт, ки таҳсилаш бори гардани касе нашавад.

Наздиконаш мегӯянд, Фатҳӣ Фатҳиев дар поёни моҳи июн ба таври ногаҳон ғайб зад ва танҳо баъди чор шабонарӯзи ҷустуҷӯҳо ҷасади дар як дарахт ба дор овехтаи ин ҷавони тоҷикро аз ҷангалзоре дар вилояти Маскав пайдо кардаанд. Маълум нест, ки ӯ худкушӣ кардааст ваё ӯро куштаанду ҷасадашро ба дарахт овехтаанд?

Ҷанозаи Фатҳиро бародари ғамзадааш ба Ватан овард.

Сокинони Рукнобод мегӯянд, танҳо аз аввали соли ҷорӣ Фатҳӣ Фатҳиев алакай дуюмин зодаи ин деҳа аст, ки ҷасади ҳалқовезашонро дар Русия пайдо мекунанд. Соли гузашта низ як табиб аз ин деҳа дар Маскав худро ба дор овехта, худкушӣ карда буд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аксаран дар синни ҷавон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират дар Русия ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Худованд равони ҳамаи муҳоҷирбачаҳои тоҷики шаҳидшударо шод гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button