ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ДУХТАРЧАИ 10-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ ҒАРҚ ШУД

Як духтари 10-сола аз оилаи муҳоҷирони тоҷик шоми 2 июли соли 2022 ҳангоми истироҳат дар деҳаи Озёркии вилояти Ленинград, воқеъ дар канори шаҳри Санкт-Петербург ғарқ шудааст. Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, ин духтар ҳамроҳи модару як додараш  ба пляжи “Суздалские озера” омада буд. Духтарак, ки оббозиро наметавонист, ногаҳон ғайб задааст. Модараш нопадид шудани духтарашро фаҳмида,  чанд дақиқа ӯро ҷустуҷӯ кардааст ва азбаски ёфта натавонистанд, ба наҷотбахшон муроҷиат кардаанд. Наҷотбахшон баъди ягон 15-20 дақиқи ҷустуҷӯ духтаракро аз қаъри обанбор берун овардаанд.

Табибони “Ёрии таъҷилӣ” дар роҳ ба бемористон ва ҳамин тавр, баъдан табибони шуъбаи реаниматсияи Донишгоҳи педиатрии Петербург талош кардаанд, ки духтаракро, ки дар ҳолати марги клиникӣ қарор дошт, ба ҳуш биоранд. Вале мутаассифона, ин ҳама талошҳо натиҷа надод ва табибон натавонистанд духтараки маъсумро аз чанги марг наҷот диҳанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин духтарак ҳамагӣ чанде пеш ҳамроҳи волидонаш аз Тоҷикистон ба Петербург омада буд ва ҳанӯз дар инҷо ҳатто дугонаву дӯст пайдо накарда буд. Волидонаш тоза санадҳои ӯро дуруст мекарданд, ки имсол дар Петербург ба мактаб биравад.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, асосан ба иллати ҳодисаҳои нохуш, то 1000 муҳоҷир аз Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо кӯдаки тоҷик, мемиранд.

Пляжи “Суздалские озера”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button