ВарзишВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДОДГОҲИ ДУШАНБЕ ҲУКМИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 29 июни соли 2022 шикояти варзишгари шинохтаи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ва вакилони ӯро рад карда, ҳукми ӯро батағйир боқӣ гузоштааст.  Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ рӯзи 13 май Чоршанбиевро бо ҷурми “даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда буд, вале ӯ аз ин ҳукм норозигӣ карда, ба додгоҳи Душанбе шикоят оварда буд.

Манбаи ин хабар –  Радиои Озодӣ  –  рӯзи 3 июл аз қавли вакилони Чоршанбиев хабар дод, ки  “додгоҳ ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт ва шикоятро барои бозбинии он рад кард.”

Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев гуфтаанд, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят баранд ё не. “Ҳафтаи оянда бо Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳ вомехӯрем ва бояд мавқеашро муайян кунем. Баъдан тасмим мегирем, ки ба зинаи сеюм шикоят мебарем ё не,” — гуфтаанд онҳо. Қаблан Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ки баъди истирдодаш аз Русия ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, эълон кард, ки аз ҳукмаш шикоят намебарад, чунки ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар надорад.

Мақомот то кунун дар бораи ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев  ягон шарҳи расмӣ надодаанд. Вале баъди баррасии шикояти кассатсионӣ 8 солу 6 моҳ ҳукми варзишгар дигар ба иҷро медарояд ва мақомот метавонанд ӯро барои адои ҷазо аз боздоштгоҳ ба маҳбас интиқол диҳанд.

Чоршанбе Чоршанбиев 26 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст. Ӯ солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабри соли 2021, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи эътирозҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва бе суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабри соли 2021 аз Маскав ба Душанбе фиристоданд.  Чоршанбиев баробари расиданаш ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд.

Парвандаи Чоршанбиев асосан бар пояи видеоест, ки ӯ дар он дар вокуниш ба ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков ва чанд сокини дигари Бадахшон дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 мегӯяд, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Мақомот бар асоси ин навор варзишгарро ба даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Тарафдоронаш истирдоди ӯ аз Русия ва ҳабсаш дар Душанберо интиқом барои изҳори назарҳояш дар бораи рӯйдодҳои Бадахшон мешуморанд. Мухолифонаш Чоршанбиевро ба он айбдор мекунанд, ки як замон аз тоҷик ном бурданаш ор мекард ва дар ҳаққи тоҷикҳо носазо мегуфт. Вале ӯ тобистони соли 2021 дар як видео барои он суханонаш узр хоста, махсус бо парчами Тоҷикистон акс гирифт ва гуфт, аз ин ба баъд дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ба майдон хоҳад баромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button