ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН ЧАНДИН ЭЪТИРОЗГАР КУШТАЮ ЗАХМӢ ШУДААНД (ВИДЕО)

Бино ба гузоришҳои расида шоми 1 июли соли 2022 дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, як минтақаи мухтори тобеи Ӯзбекистон, ҳангоми бо истифода аз нирӯ пароканда кардани эътирозҳои осоишта даҳҳо нафар осеб дидаанд.  

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қароқалпоқистон то 2 август вазъи фавқулодда ҷорӣ кардааст. Аз соати 21 шаб то соати 7 субҳ дар инҷо қуюди шабгардӣ (вақти комендантӣ) ҷорӣ шудааст ва баргузории чорабиниҳои оммавиро то 2 август манъ кардаанд.

Омори дақиқе дар ин бора, ки чанд нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуд, то ҳол дастрас нест ва дарёфти маълумот аз Қароқалпоқистон ба далели сахт маҳдуд кардани дастрасии сокинон ба алоқаи мобил ва Интернет хеле мушкил шудааст. Вале дар видеоҳое, ки дар Интернет пайдо шуд, дида мешавад, ки нирӯҳои вижаи либосҳои сиёҳ дар тан ба зидди издиҳоми тазоҳургарон норинҷакҳои садодор партоб мекунанд. Сокинон мегӯянд, нирӯҳои ҳукуматӣ ба зидди тазоҳургарон аз силоҳҳои ҷангӣ низ истифода бурдаанд.

Дар Интернет аз ҷумла видеое нашр шуд, ки дар он як мошини зиреҳпӯш аз роҳи мумфарше мегузарад, ки аз хуни зиёд рангаш сурх шудааст. Маълум нест,  ин хуни тазоҳургарони тирхӯрда аст ё чизи дигар. Ҳамин тавр, Tелеграм-канали Readovka видеоеро нашр кард, ки эътирозгарони тирхӯрда бо тани хунолуд дар рӯи роҳ хобидаанд ва эътирозгарони дигар кӯшиш мекунанд, ки зери садои тир ҳамсафони тирхӯрдаи худро ба ягон макони амнтар интиқол диҳанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон  эътироф кард, ки “ба хотири пешгирӣ аз поймол кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди бозори деҳқонӣ нирӯҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода шуд”.

Рӯзи 2 июл парлумон, ҳукумат ва ВКД Қароқалпоқистон дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки “ташкилкунандагони бетартибиҳои оммавӣ ва онҳое, ки ба мақомот муқовимати фаъолона нишон доданд, дастгир шуданд”. Бино ба ин изҳорот, ташкилкунандагони эътирози Нуқус мехостанд ҳукуматро дар ин минтақаи мухтори Ӯзбекистон ғасб кунанд.

Нооромиҳо дар Қароқалпоқистон дар поёни моҳи июн баъди ба маърази муҳокимаи умум гузоштани тарҳи нави Қонуни асосии Ӯзбекистон оғоз ёфт. Дар матни нави Қонуни асосӣ ибораҳои “мустақилияти Қароқалпоқистон” ва “ҳаққи мардуми Қароқалпоқистон ба ҷудошавӣ аз Ӯзбекистон тавассути райъпурсии саросарӣ (референдум)”  бардошта шуда буд, ки норозигии сокинони ин минтақаи мухторро ба вуҷуд овард.

Эътирозҳои оммавӣ дар Нуқус шоми 1 июл дар пайи боздошти ҳуқуқшинос Давлатмурод Тоҷимуродов оғоз ёфт. Тоҷимуродов  қаблан ба мақомот дар мавриди рӯзи 5 июл дар Нуқус барпо кардани митинги осоишта пиромуни тағйироти ворида ба Қонуни асосии Ӯзбекистон муроҷиат карда буд. Шоми 1 июл дар бозори Нуқус ва майдони назди он чанд ҳазор нафар ҷамъ шуда, дар Қонуни асосӣ нигоҳ доштани ибораҳои марбут ба мустақилияти Қароқалпоқистон ва озод кардани фаъолони маҳаллиро талаб карданд.

Нимаи дуюми рӯзи 2 июл, алакай баъди саркӯби эътирозҳо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев худаш шахсан ба Нуқус омад. Ӯ дар инҷо гуфт, аз норозигии мардуми Қароқалпоқистон аз матни нави Қонуни асосӣ хабар надошт. “Агар мардуми Қароқалпоқистон розӣ набошад, ягон моддаи Қонуни асосӣ тағйир дода намешавад”, гуфт ӯ.

Мирзиёев ҳамчунин роҳбарони Қароқалпоқистонро айбдор кард, ки худашон ба тағйири Қонуни асосӣ ташаббус карда, ҳукуматро дар як ҳолати ногувор қарор доданд. “Шумо худатон ташаббус кардед. Чаро ягонтоат ба ман занг назаду хабар дод, ки мардум розӣ нест? Ман ҳам инсонам. Ба ман ҳам ояндаи Қароқалпоқистон лозим аст, сулҳ дар Қароқалпоқистон лозим аст”, – гуфт Мирзиёев дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ин минтақаи мухтор.

Қароқалпоқистон то соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Русия (РСФСР) буд ва соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба ҳайъати Ӯзбекистон дода шуд. Соли 1992 он ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон табдили ном кард. Дар Қароқалпоқистон  2 миллион нафар ба сар мебаранд. Масоҳати ҷумҳурии Қароқалпоқистон асосан дашту биёбон буда, 166 ҳазору 600 километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан 40% қаламрави Ӯзбекистон буда, аз 141 ҳазор километри мураббаъ қаламрави  Тоҷикистон бузургтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button