ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ НАВРАС ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ШКОДА” ВА ФИРОРИ РОНАНДА АЗ ҶОИ ҲОДИСА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар хабар дод. Гуфта мешавад, ронандаи гунаҳкор ба ҷои кумак расондан ба ҷабрдида, ки як навраси 14-сола буд, аз ҷои садама фирор кардааст, вале ӯро муайян  ва дастгир кардаанд.

Бино ба ин манбаъ,  12-уми июни соли 2022, тахминан соати 17:30, ронандаи мошини тамғаи «Шкода», шахсияташ номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Дониш ба самти кӯчаи Беҳзоди пойтахт, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоев Маҳмадулло Бахтиёрович, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, наврас Абдуллоев М.Б. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ронандаи мошини зикргардида, Нуров Мавлоно Миралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, дастгир карда шуд.\\

Оид ба ин ӽолат таӽқиқот идома дорад.

Ба ронанда бар асоси қисми дуюми моддаи 212 барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҳамчун ҷазо аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button