ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАНРО КОРД ЗАДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли 2022 хабар дод, ки ҳафтаи гузашта шабона дар яке аз кӯчаҳои пойтахт, шаҳри Душанбе як ҷавонзани 24-соларо корд задаанд.
Бино ба ин манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, бо ариза зани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, хабар додааст, ки шаби 9-уми июни соли 2022, тахминан соати 02:00, дар кӯчаи Машъали пойтахт, марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бе ягон асос ӯро дашном дода, бо корд 1-маротиба дар қисмати дасти росташ задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Сабаби ба ҷавонзан бо корд ҳамла овардани сокини Рӯдакӣ ҳанӯз маълум нест.
ВКД дар бораи ин ҳодиса тафсилоти дигаре надода, танҳо хабар додааст, ки оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.