ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

МАҲМУД ИЛТИМОС КАРД… БОЗДОШТИ ДУ ЗАН ДАР БЕКОБОД БАРОИ ҚОЧОҚИ 356 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ НАҚД БА ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Кормандони Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд ҳамроҳ бо кормандони гумруку марзбонӣ ду занеро дастгир карданд, ки мехостанд бо роҳи қочоқ аз тариқи гузаргоҳи осонгузари “Казарма” дар марзи Бекобод бо вилояти Суғд маблағи бузурги асъори хориҷиро ба Тоҷикистон баранд.

Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон видеои лаҳзаи боздошти ин ду зан ва мусодираи маблағи бузурги асъори хориҷиро низ нашр кард.

Дар гузориш гуфта мешавад: “Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз зани 42-солаи сокини шаҳри Бекобод 1666 ҳазор доллари Амрико ва аз шарики 28-солаи ӯ 190 ҳазор доллар ёфта шуд. Дар умум ҳамчун далели шайъӣ аз ин ду нафар 356 ҳазор доллар пули нақд гирифта шудааст. Маълум шуд, ки онҳо бо хоҳиши як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд аз нафарони ношинос дар шаҳри Бекобод ин маблағи бузурги асъори хориҷиро гирифта, дар даруни либос пинҳон кардаанд ва дар ивази ҳаққи муайян кӯшиш карданд, ки ин ҳама пулро ба Тоҷикистон баранд.”

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва мақомоти амниятии Ӯзбекистон ҳоло талош доранд, то тавассути роҳандозии чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ шахсияти соҳибони аслии ин маблағи бузурги асъори хориҷии нақдро муайян кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button