ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ҚУРБИ ДОЛЛАРУ ЕВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ЗАМИН ЗАД. ОЁ НАРХҲО АРЗОН МЕШАВАНД?

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ инак се рӯз боз паиҳам дар Тоҷикистон қурби расмии рубли Русия беист боло меравад ва қурби доллару евро баракс башиддат рӯ ба поён овардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон  барои рӯзи 25 май қурби расмии долларро то 11 сомонию 40 дирам, қурби евроро то 12 сомонию 21 дирам  ва қурби расмии рублро то 173 сомонӣ барои 1000 рубл  муқаррар кардааст. Рӯзи 24 май қурби расмии рубл 172,5 сомонӣ, қурби доллар 11 сомонию 80 дирам ва қурби евро 12 сомонию 57 дирам буд.

Ба дунбол, бино ба маълумоти сомонаҳои расмиашон,  бонкҳои Тоҷикистон низ қурби асъори хориҷиро тағйир додаанд. Аз ҷумла бонки “Эсхата” рӯзи 25 май  1000 рублро ҳамчунон бо қурби 172 сомонӣ мехарид, вале қурби хариди доллар ҳамагӣ 10 сомонию 50 дирам (як рӯз қабл 11 сомонию 10 дирам  буд) ва қурби хариди евро 11 сомонию 30 дирам (як рғз қабл: 11,8 сомонӣ) нишон дода шудааст.

Ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо”  хабар додааст, ки як долларро 10 сомонию 70 дирам (як рӯз пеш: 11 сомонию 40 дирам), як евроро 11,2 сомонӣ (як рӯз пеш 12 сомонӣ) мехарад. Қурби хариди 1000 рубл дар “Ҳумо” низ бетағйир: 172 сомонӣ боқӣ мондааст.

 “Ориёнбонк” дар сомонааш қурби хариди 1000 рублро ҳамчунон 170 сомонӣ боқӣ гузоштааст, вале як долларро  ба ҷои 11 сомонию 20 дирами як рӯз қабл ҳоло бо қурби 10 сомонию 80 дирам  ва як евроро ба ҷои 11 сомонию 80 дирам акнун 11,5 сомонӣ мехарад.

 “Спитаменбонк”низ 1000 рублро бо ҳамон қурби қаблии 170 сомонӣ харида истодааст, вале як долларро ба ҷои 11 сомонию 10 дирам ҳоло 10 сомонию 40 дирам ва як евроро бо нархи 11 сомонӣ мехарад. Як рӯз пеш евро дар “Спитаменбонк” 11 сомонию 50 дирам нарх дошт.

Қурбли рубл дар биржа низ ҳамчунон поён рафта истодааст. Рӯзи 25 май қурби як доллар  нисбат ба рубли Русия то 56 рубл ва қурби як евро то 60 рубл фаромад. Барои 1000 рубл дар биржа алакай 223 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Як рӯз қабл ин қурб 217,5 сомонӣ нишон дода мешуд.

Иқтисоддонҳо ин қурби баланди рублро қурби сунъӣ ва ҳатто “тарғиботӣ”, яъне пропагандистӣ меноманд.  Вале аз боло рафтани қурби рубл нисбат ба доллар муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон хушҳол мешаванд, чунки умедворанд, ки қурби болотари рубл метавонад дасти онҳоро дар баробари нархҳои сар ба осмон кашида дарозтар кунад.

Мардум дар Тоҷикистон ҳамчунин умедворанд, ки пойин рафтани қурби доллару евро ба арзон шудани маҳсулот мусоидат кунад. Чунки вақте ки нархҳоро боло мебурданд, як сабаби умдааш боло рафтани қурби доллар гуфта мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button