ВидеоМуҳоҷирон

ДАР ҲАҚҚИ ИН МУҲОҶИРБАЧАИ ШАҲИД ДУО КУНЕД! АЗ ЗУҲУРИДДИН ДУ ТИФЛ ЯТИМ МОНД…

Муҳоҷирони тоҷик аз Маскав аз ҷавонмарг шудани боз як муҳоҷири ҷавони тоҷик хабар доданд ва аз ҳама хоҳиш доранд,  дар ҳаққи Зуҳуриддин Фирдавсов, зодаи деҳаи Пушти Қӯрғони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки дар синни ҳамагӣ 36 шаҳид шуд, дуо кунед.

Зуҳуриддин Фирдавсов, ки дар Русия кори сохтмон мекард, рӯзи 23 май дар шаҳри Маскав дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ аз қабати дуюми бино ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Зуҳуриддин 36 сол дошт ва аз худ ду фарзанди хурдсолро ятим боқӣ гузошт.

Ҳамдеҳагони Зуҳуриддин барои интиқоли тобути ӯ ба Ватан кумак кардаанд ва ҷанозаи боз як муҳоҷирбачаи дар мулки ғурбат дар талаби нон ба шаҳодат расидаро бояд имрӯз ё пагоҳ ба Тоҷикистон бифиристанд.

Зуҳуриддин Фирдавсов аз он зодагони Тоҷикистон аст, ки насл ба насл муҳоҷир шудаанд. Ӯ се бародари аз худ бузургтар дошт, ки якеаш ягон 15 сол пеш дар ҳамин Русия ба маризӣ печид ва ҷисми пур аз дардашро ба Ватан кашонд ва онҷо аз алам чашм пӯшид.

Ин бор тобути Зуҳуриддини дар Русия ҷонбохтаро аз дари ин хона медароранд.

Ҳамдеҳагонаш мегӯянд, Зуҳуриддинро соли 2017 аз Русия ихроҷ карда буданд ва роҳи  ӯ ба ин кишвар тоза ду сол пеш кушода шуд. Зуҳуриддин ду соли охир ҳар баҳор ба Русия мерафт ва то тирамоҳ ризқу рӯзие барои хонаводааш ҷамъ карда, ба хона бармегашт.

Вале имсол ӯ хеле барвақттар, баъди ҳамагӣ ду моҳи мардикорӣ ба Ватан, ба пеши азизонаш бармегардад, аммо ин бор дар тобут ва барои ҳамеша…

Ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, дар ҷамоати Моғиён, ки 35 ҳазор аҳолӣ дорад, тақрибан ягон корхонаи бузург нест ва бино бар ин ҳудудан 90 фоизи мардони қобили кори ин ҷамоат ҳар сол дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ худро ба Русия мезананд.

Муҳоҷират як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳояшон ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.

Ҳар сол дар Русия то 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф мемиранд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз то 3 муҳоҷири тоҷик дар ин мулки мусофирӣ тарки ин дунё мекунанд.

Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист, садамаҳо ва бемориҳои гуногун аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар ғарибӣ мемиранд, дар айни ҷавонӣ ҷавонмарг мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button