ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

АЗ 2 ИЮН БО АВТОБУС АЗ ДУШАНБЕ БА МАСКАВ МУСОФИР МЕБАРАНД. НАРХИ ЧИПТА – 1000 СОМОНӢ

Ширкати нақлиётии  Аsian Еxpress дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки аз 2 июни соли 2022 хатсайри нави  Душанбе – Маскав – Душанберо ба роҳ мемонад.

“Мусофирон метавонанд аз терминали байналмилалии шаҳри Душанбе (яъне автовокзали ш.Душанбе) бо автобусҳои замонавию бароҳат ва нархи дастрас ба Маскав сафар намоянд. Дар ин баробар Шумо имкон доред, ки аз шаҳри Маскав бо ҳамин хатсайр ба Душанбе баргардед. Маълумоти дақиқро бо телефони 16 16 гирифта метавонед”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршудаи Asian Express.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, нархи сафар ҳудуди 1000 сомониро ташкил хоҳад дод, вале танҳо онҳое метавонанд бо ин автобусҳо ба Русия сафар кунанд, ки ҳаққи убури марзи заминии он кишварро дошта бошанд. Русия дар пайи фурӯ нишасти пандемияи коронавирус марзҳои ҳавоияшро ба бисёр кишварҳо, аз ҷумла барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард, вале убури марзҳои заминии он кишвар бо маҳдудият сурат мегирад.

Asian Express дар эълонаш мегӯяд, сафарҳо аз Душанбе ба Маскав бо автобусҳои муҷаҳҳаз бо  кондитсионер ва курсихои такядор (откидные кресла)  сурат мегирад ва мусофирон метавонанд  дар ҷараёни сафари тӯлонӣ бароҳат хобу истироҳат кунанд.

Барои тифлони хурдсол дар ҷои нишасташон роҳаткурсии кӯдакона гузошта шуда, рӯзи аввали сафар ба мусофирон сендвич низ ваъда додаанд.

Ҳамин тавр, мусофирон бо худ метавонанд бепул то 15 кило бағочи дастӣ ва дар умум 25 кило бағоч баранд.

Ҳарсол беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Вале барои бисёриҳо ба сабаби гарониаш харидани чиптаи ҳавопаймо мушкил аст. Баҳори соли 2021 нархи як чипта аз Душанбе то Маскав ҳатто ба 1500 доллар расида буд. Ҳоло нархҳо хеле пойинтар рафтаанд, вале ҳамчунон барои як қисми мардум гарон боқӣ мемонанд.

Ин қисми мардум ҳар сол умедворанд, ки Русия марзҳои заминиашро низ мекушояд ва онҳо метавонанд бо нархҳои нисбат ба ҳавопаймо арзонтар бо қатори роҳи оҳан ё бо автобусу мошин худро то Русия бирасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button