ВидеоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

САЙРУГАШТИ ОХИРИНИ БОҚИР. ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ЛИДЕРИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН

Журналистони мустақил Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, дар саҳифаҳояшон дар Фейсбук бо истинод ба шоҳидони айнӣ, бархе тафсилоти чӣ гуна кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ва ду сокини дигари Хоруғро нашр карданд.

Бино ба иттилои онҳо, Боқир, ки рӯзҳои ахир таҳти фишор шадид қарор дошт ва ба далели таҳти ҳадафи доими мерганҳо (снайперҳо) қарор доштанаш қариб аз хона берун намебаромад, нимаи дуюми рӯзи якшанбе азм кардааст, ки каме дар кӯчаҳо сайругашт кунад.

Рустами Ҷонӣ менависад: “22-уми май наздик ба соати 17-00 гуфтааст, мехоҳад дар ҳавои тоза бигардад. Хона ба зиндони ӯ табдил ёфтааст.Аз ин шеваи зист хаста шудааст. Мардум низ гирифтори вазъи ӯ ҳастанд.

Ӯ ба исрору зориву таваллои ҷонибдорон, ки зидди берун омадани ӯ буданд, аҳамият намедиҳад ва мегӯяд, мехоҳад танҳо дар кӯчаҳои кӯдакиаш сайру гашт кунад, ҳич кас аз паяш наояд.

Ӯ пиёда аз хонааш, ки дар маҳаллаи Бархоруғ воқеъ аст, берун меояд ва шурӯъ ба сайри худ мекунад. Сино, аз ҳамроҳони доимиаш, махфиёна аз паяш меравад.

Чун Маҳмадбоқир ба макони Бойне мерасад як “пикап”, ки нерӯҳои зудамали ҳукумат бо он мегарданд, якбора пайдо мешавад. Аз дохили он чаҳор сарбози сиёҳпӯш берун шуда, аз чаҳор “автомат” бидуни таъхир ва огоҳӣ сарҳангро тирборон мекунанд.Хуршед, аз сокинони ин маҳал, ин вазъро мебинад ва мехоҳад бо тани худ Маҳмадбоқирро пӯшонад. Сарбозон ӯро мепарронанд. Ин вақт Сино ҳам ба имдод мерасад, аммо муқобили сарбозони мусаллаҳ бо дасти холӣ чӣ мекард?

Қотилон ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Сино ҷароҳат бардошта, ҳоло вазъаш вазнин аст ва дар беморхона қарор дорад.

Ҷасади Маҳмадбоқирро мардум баъди рафтани қотилон гирифта ба хонааш мебаранд. Ин ҳодисаро сокинони маҳалли Бойне мебинанд ва ба мо нақл карданд.

Маълум нест, ки афроди силоҳбадаст кӣ буданд. Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова мутмаинанд, ки онҳо аз нирӯҳои вижаанд. Вале ВКД Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Боқирро нимаи дуюми рӯзи 22 май дар Бархоруғ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” куштаанд. ВКД аз ин бештар иттилоъ надод, ки Боқирро кӣ куштааст? Ин ниҳод танҳо гуфт, ин қазияро додситонии вилояти Бадахшон таҳқиқ мекунад.

Манобеи “Бомдод” қаблан гуфта буданд, ки Боқир ва ду тан аз ёронашро снайперҳое, ки чанд рӯз дар маҳаллаи Бойнӣ дар рӯбарӯи Бархоруғ хайма зада, камин гирифта буданд, паррондаанд.

Боқир, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, ки баъди имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 фармондеҳи қисми марзбонӣ дар марз бо Хитой таъйин шуд ва рутбаи полковник гирифт, яке аз пурнуфузтарин лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба ҳисоб мерафт. Тайи чанд моҳи охир мақомот талош доштанд, ки ӯро дастгир кунанд. Боқир ҳамин тавр аз сӯи мақомот ба раҳбарӣ ва сарпарастии эътирозҳои ахир дар Хоруғ айбдор шуд. Дар ҷараёни саркӯб кардани ин эътирозҳо даҳҳо нафар куштаю захмӣ ва беш аз 100 тан дастгир шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button