ВидеоҶомеа

РАВОН ШУДАНД СЕ ҶАВОН… ҶУЗЪИЁТИ ҶАВОНМАРГ ШУДАНИ ҲАМСИНФОН ДАР АЙНӢ

Сокинони деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аксҳои Аминов Аҳрор ва Одинаев Қаландар, хонандагони синфи 11 мактаби миёнаи № 49ро фиристоданж. Аҳрору  Қаландар, ки ҳамагӣ 18солӣ доштанд, субҳи 21 май дар як садамаи марговар ба ҳалокат расиданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки хонандагони синфи 11 гӯё мошини падари якеашонро бо мақсади сайру гашт гирифтаанд, вале дар роҳ дучори садама шудаанд. Вале бино ба охирин маълумоти дарёфтӣ, дар асл Қурбоналӣ Офоқов, сокини 24-солаи деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ва пешхидмати тарабхонаи “Шоми Бухоро” (“Сихкабоби хуҷандӣ”) субҳи 21 май мошини ошпази ин тарабхонаи воқеъ дар дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷандро бе иҷозат гирифта, дар роҳ Аҳрору Қаландарро ҳам ба он мошини тамғаи “Опел Астра” савор кардаст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар мавзеи Сарвода мошин ҳангоми ҳаракат ба самти маркази ноҳия ба дарёи Фон сарозер шуд. Ронанда ба зудӣ худро аз мошин берун ҳаво медиҳад ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ мешавад. Вале ду мософири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҷустуҷӯи ҷасадҳои он ду наврас аз деҳаи Хушекат то ҳол натиҷа надодааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки мошин дар километри 118-ум дар паҳлуи деҳаи Петер аз баландии 40 метр ба Фондарё чаппа шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд хабар дод, ки ба зидди Қурбоналӣ Офоқов бо иттиҳомоти ғайриқонунӣ рондани мошини мутааалиқ ба нафари дигар ва роҳ додан ба садамае, ки боиси марги ду нафар шудааст, парванда кушодаанд.

Танҳо  дар ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон дар дастикам 9 садама 12 нафар  ҷон бохтаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button