ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ШАҲРИНАВ ДУ КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД

Аз ноҳияи Шаҳринав дар бораи дар оби канали Ҳисор ғарқ шудани ду писарбачаи 13 ва 14-сола хабар дода мешавад. Ин ноболиғон сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони  ин ноҳия будаанд.

Муддати ду рӯзи охир корҳои ҷустуҷи ҷасади ноболиғон идома дошт. Рӯзи 22-уми май ҷасади яке аз онҳо пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғи дигар идома дорад.

Сабаби марги онҳо беназоратии волидон ва риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ унвон шудааст.

Ин ҳодиса тахминан соати 12:20 дақиқаи рӯзи 20-уми май рух додааст. 

Манбаъ: https://khf.tj/node/4141

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар ҷон бохтаанд, ки ин назар ба 107 нафари дар соли 2020 ғарқшуда 48 нафар, ё наздики 45% бештар мебошад. Аз онҳое, ки соли 2021 дар кӯлу дарёҳо ҷон бохтанд,  синни  33 нафар аз 35 боло ва 47 нафар ҷавонони аз 17 то 35-сола  буда, 75 нафари дигар ноболиғон будаанд. Аз ҷумла соли гузашта  15 кӯдаки то синни чорсола, 21 кӯдаки синнашон аз 5 то 10 ва 39 навраси аз 11 то 16-сола дар кӯлу дарёҳо, асосан ҳангоми оббозӣ ё убури ягон ҷӯйбору канал ё дарё ба ҳалокат расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button