ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДАР РӮШОН 7 АФСАРИ ОМОН ВА 20 УЗВИ ГУРУҲИ ЁДГОР ҒУЛОМҲАЙДАРОВ ҒАЙБ ЗАДААНД

Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти як манбаъи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ  хабар дод, ки дар пайи ҳаводиси ахир 7 корманди нирӯҳои таъиноти махсуси ОМОН дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест.

Ҳамчунин ду манбаъ бидуни зикри ном ба Озодӣ хабар додаанд, ки  17 мусофире, ки рӯзи 18 май, дар рӯзи шурӯи амалиёти ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯшон аз Душанбе ба қасди Бадахшон ба роҳ баромада буданд, инак чанд рӯз боз бенишон шудаанд. Озодӣ мегӯяд, дар ин бора мақомот  то кунун ҳеҷ иттилое нашр накардаанд.

Ҳамин тавр, Озодӣ хабар медиҳад, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров, яке аз фармондеҳони собиқи тобеи Мирзо Зиёев бо тахминан 20 нафари дигар нопайдо аст. ВКД Тоҷикистон қаблан дар ҷустуҷӯ қарор доштани 8 нафара аз иштирокчиёни фаъоли нооромиҳои Хоруғро тасдиқ карда буд, вале аз онҳо ном набурд.

Ин вазорат Ёдгор Ғуломҳайдаровро дар ҷумла нафароне ном бурдааст, ки дар нооромиҳои Рӯшон нафақат иштирок, балки ин эътирозҳоро роҳбарӣ мекарданд.

ВКД дар изҳороташ гуфт, як гуруҳи эътирозгарон бо дастури Холбаш Холбашев, Боқир ва дигар раҳбарони нооромиҳои Бадахшон “таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил карда, бинои шуъба ва посгоҳи милитсия, идораҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро  ҳадаф қарор дода, вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз гранатомёти РПГ 7В, пулемёти Калашников, автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатори мошинҳои хизматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд”.

ВКД  гуфт, рӯзи 18 май дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ин гуруҳ ба корвони мошинҳои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ (гуруҳи “Алфа”)  як афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардоштанд. ВКД гуфт, аз тарафи муқобил 8 нафар кушта ва 11 тани дигар захмӣ шуданд.

ВКД афзуд, “аъзои ин гуруҳҳо аз қабл барои содир намудани амали террористӣ омодагии пурраи ҷангӣ гирифта, аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва бо силоҳу аслиҳа таъмин шудаанд”.

Вале сокинон мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ болои эътирозгарони бесилоҳ тир кушоданд, ки боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд.

Созмони Милали Муттаҳид ахиран бо такя ба манобеи муътамадаш шумори кушташудагон дар ҷараёни ҳаводиси ахир дар Бадахшонро беш аз 40 нафар гуфт.

Дар охирин таҳаввул нимаи дуюми рӯзи 22 май Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, ки мақомот ӯро роҳбари асосии эътирозҳои ахир медонанд, ба таври мармуз кушта шуд. ВКД гуфт, Боқир дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд, вале манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро афсарони ниҳодҳои махсус куштаанд.

Ёдгор Ғуломҳайдаров, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Тавилдара дар гуруҳи Мирзо Зиёев (Мирзо Ҷага), фармондеҳи асосии нирӯҳои мухолифин меҷангид, моҳи майи соли 2020 ба муқовимат ба кормандони КДАМ ва ба ҳамдастӣ ба Шароф Қобилов, як сокини деҳаи Барӯшон, ки бо иттиҳоми ташкили ташкили қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон дастгир шудааст, айбдор шуд. Рӯзи 22 майи соли 2020 Қобилов ҳангоми боздошташ ба кормандони амният муқовимат нишон дода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Рӯшон Самандар Чӯяновро бо корд захмӣ кард. Ҳамсояҳои Қобилов аз вай ҳимоят карданд ва кормандони КДАМ рӯзи 23 май ду нафари онҳоро дастгир карданд. Вале сокинони Рӯшон дар назди бинои КДАМ ҷамъ шуда, он ду нафарро озод карданд.

 Аз 23 май то 1 июн дар маркази ноҳияи Рӯшон чанд маротиба тазоҳуроти эътирозии сокинон доир шуд. Мақомот аз аҳолӣ талаб карданд, ки гумонбаронро бисупоранд. Вале аҳолӣ талаб дошт, ки аз таъқиби ин се нафар даст бардоранд ва ҳаёти онҳоро насӯзонанд.

Ин қазия танҳо дар пайи миёнаравии раиси вақти вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ҳал шуд ва мақомот тафтиши пешакии парвандаҳои се сокини Рӯшон, аз ҷумла Ёдгор Ғуломҳайдаровро боздоштанд ва бо ҳамин, эътирозҳо дар Рӯшон хомӯш шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 23 май ВКД рӯйхатти 19 сокини Рӯшонро нашр кард, ки гуфта мешавад,  ихтиёран ба мақомот таслим шудаанд. Дар байни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки ду сол пеш ҳамроҳи Ёдгор Ғуломҳайдаров ба ҳамла ба кормандони амният айбдор мешуданд.

Ин вазорат Ёдгор Ғуломҳайдаровро дар ҷумла нафароне ном бурдааст, ки дар нооромиҳои Рӯшон нафақат иштирок, балки ин эътирозҳоро роҳбарӣ мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button